Илм-фурӯғи маърифат

Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2025
АСОСӢ, Илм-фурӯғи маърифат, Озмунҳо, Озмунҳои ҷумҳуриявӣ, Президент

Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2025

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти назорат ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, он бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияҳо, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо гузаронида мешавад. Баргузории озмуни мазкур тайи солҳои 2021-2024 нишон дод, ки миёни ҷавонону наврасони кишвар таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бамаротиб зиёд гардида, замина барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси муҳандисию те...
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Академияи миллии илмҳо оид ба ин озмун ҷаласа баргузор шуд
АСОСӢ, Илм-фурӯғи маърифат, Озмунҳо, Хабарҳо

«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Академияи миллии илмҳо оид ба ин озмун ҷаласа баргузор шуд

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати корӣ оид ба баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода таассуроташро аз маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорон иброз дошта, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани озмун ва ҷалби тамоми кормандони Академияи миллии илмҳо ва зерсохторҳои он дастурҳои мушаххас дод.Иброз гардид, ки баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тибқи салоҳдиди Президенти Тоҷикистон ба зиммаи Академияи миллии илмҳо гузошта шудааст. Ҳайати кориро зарур аст, ки дар якҷоягӣ баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни мазкур кӯшиш ба харҷ диҳад.Бояд гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маър...