ДУРНАМОИ РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фарогири тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мебошад, барои оғози як марҳалаи муҳими ҳаёти мардум ва дурнамои рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар замина ва пояҳои маҳкам гузошт. Дар навбати аввал, эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия гувоҳ бар он аст, ки Тоҷикистон дар марҳалаи нави тараққиёт ва пешрафти худ қарор дошта, заминаҳоро баҳри тақвияти низоми ҳукумати электронӣ мустаҳкам менамояд.Пешвои миллат бори дигар таъкид доштанд: “Фарҳанг ҳастии миллат аст”.
Аз ҷумла, қайд гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон, дар навбати аввал, бо мақсади ҳарчи бештар рушд бахшидан ба фарҳанги миллӣ, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ аз тамоми и...


