НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ

Сояи Пешво нагардад дур аз болои сар,
Аз азал тоҷик мекард ахтарашро тоҷи сар.

Президенти як мамлакат будан кори саҳлу сода нест. Танҳо шахси дорои истеъдоди
фавқулода метавонад масъулияти бузурги давлатдориро бар дӯш бигирад ва тавассути
ба роҳ мондани сиёсати оқилонаю дурандешона ва гиромидошти арзишҳои волои
миллӣ мардумро дар атрофи ғояҳои пешбаранда муттаҳид созад, таҳкимбахши неруи
зеҳнии мардум, раҳнамою раҳкушо ва машъали тобони миллат бошад.
Хушбахтона, дар ин сангари вазнину нангин, дар масири ватансозӣ моро хиради
азалӣ ҳидоятгар аст ва абармарде, ки дар синаи ӯ меҳри ватан метападу дили дунё
ҷойгир аст, таҷрибаи мардумсолорӣ ва давлатдориаш дар олами сиёсат мактаби
омӯзиш ва таҷрибаи нодири таърихист, сарварии миллати соҳибфарҳангу
тамаддунофарро бар дӯш дорад, Пешвои миллати тоҷикони дунё муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон мебошад, ки ҳар яки мо тоҷику тоҷикистонӣ дар фурӯғи чашмҳои пурнураш
дурахши фардои хешро мебинем.
Мардонагию таҳаммулгароӣ, ҷавонмардию хирадпешагӣ ва фарҳанги олии ӯ барои
ҳар як фарди тоҷик мактаби омӯзиш аст. Руҳи матин ва ғурури миллии тоҷикона,
инсондӯстию ятимпарварӣ ва замири чун чашмаҳои Ватан поку беолишаш буд, ки ҷон
дар кафи даст мухолифинро ба оғӯш кашид, ҷинояткоронро авф кард, гурезаҳоро ба
Ватан баргардонид. Бо ақлу заковат, ҷасорату матонат ва эътимоду иттико ба хиради
азалии мардум такя намуда, Тоҷикистонро аз гирдоби даҳшати ҷанги бародаркушиву
гуруснагӣ раҳо намуд. Ба миллат ваҳдат, суботу амният овард. Пояи давлатдориро аз
сифр оғоз кард. Бо азму ирода ва сиёсати хирадмандонаи ӯ Тоҷикистон соҳиби Парчам,
Нишон, Суруди миллӣ шуд. Сутуни асосии давлатдорӣ – Артиши миллӣ ва Неруҳои
сарҳадӣ устувор гардиданд. Пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ
эътироф гардид, ҳуқуқро ба ғояҳои анъанавию миллӣ таҳррезӣ намуд ва неъмати
соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард.
Баъди ҳазорсолаҳо ӯ нахустин Сарвари давлатест, ки дарсҳои нахустин ифтихори
ватандорӣ, худшиносии миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастиро дар суханрониву
китобҳои арзишманди худ, аз ҷумла, «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то
Сомон», «Забон ҳастии миллат», «Дин ва ҷомеа» «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ»,
«Чеҳраҳои мондагор» ба мардуми тоҷик ва оламиён пешниҳод карда, китоби
«Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғаффуровро ба ҳар як хонаводаи тоҷику тоҷикистонӣ тақдим
намуд, ки ин яке аз падидаҳои бузурги ибратомӯзи инсонист ва насли наврасу ҷавонро
бо сарчашмаҳои аслии маънавии халқи тоҷик ошно месозад.
Ҷашнҳои бузурги 1100-солагии давлатдории Сомониён, 680-солагии Мир Сайид
Алии Ҳамадонӣ, 750-солагии шоири шаҳир Камоли Хуҷандӣ, 1150-солагии

бузургдошти Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, соли бузургдошти Имоми Аъзам ва
дигарон, ки маҳз, бо ибтикор ва ҳидояту роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон ороста шуда, ба ҷаҳониён аз эҳёи фарҳангу тамаддуни ин миллат дарак
медиҳад, пояи бинои муҳаббати ин марди шарифро дар дили халқ боз ҳам қавитар
гардонид.
Бо ибтикори бевоситаи сарвари давлат мусиқии «Шашмақом», «Фалак» ва ҷашнҳои
мардумии аҷдодӣ – аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон ва дигар ойину суннатҳои
миллӣ басо пуршукӯҳу хотирмон таҷлил мегарданд, ки бешубҳа, он боиси боло рафтани
ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Ин абармарди дунёи сиёсат бо иродаи матин ва хираду заковати фитрӣ зимоми
давлатдориро дар даст дошта, роҳи сиёсати дохиливу хориҷии кишварро дар асоси
меъёрҳои амалкунандаи конститутсия ба роҳ мемонад. Дар баробари сулҳофарӣ нақши
Пешвои миллат дар ташаккули низоми давлатӣ бо дигар мамлакатҳо, беҳтарсозии вазъи
иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат бениҳоят бузург аст. Сарвари давлат
тавонистанд, ки Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии ташаббускор дар арсаи ҷаҳонӣ
муаррифӣ созанд. Робитаҳои иктисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо ҳама
кишварҳои ҷаҳон сол то сол пайваста густариш меёбанд ва самараҳои назаррас
медиҳанд.
Давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, ки роҳи
ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ
ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои
бозаргонӣ ва пайвастани низоми иқтисодии Тоҷикистон ба набзи иқтисодии ҷаҳонӣ
роҳ кушоем.
Дар ин маврид, яке аз шахсиятҳои барҷастаи арсаи сиёсат – Владимир Путин доир ба
фидокориҳои роҳбари давлати мо чунин ибрози ақида намудааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке
аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат
медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате,
ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чӣ оид ба ин масъала дар
Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар».
Ҳамзамон дар ин маврид, қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд
чунин гуфтааст: «Шумо тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон доред. Тасаввур кунед, мо зиёда аз
сӣ сол боз барои сулҳ дар Афғонистон мубориза мебарем. Ин абармарди миллат барои
шумо дар як сол сулҳи бебозгашт овард. Акнун тасаввур кунед, ки шумо чӣ гуна
Пешвое доред. Ин гуна Пешворо ҳама хайрхоҳони ҷаҳон орзу мекунанд».
Мо миллати тоҷик дар баробари шукргузорӣ аз сарнавишт, дар кадом гушаи дунё
набошем, бо Президенти худ фахр мекунем. Вақте Президенти мо мегӯем, вуҷудамонро
ҳисси ифтихор фаро мегирад. Вожаи мо дар қалбамон чун дарё фароху чун қуллаи
Бадахшон баланд менамояд ва ин ибора — «Президенти мо!» иттиҳоду ваҳдати кулли
тоҷикистониён ва тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.

Мавҷудаи Саид

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *