
Санаи 24 январи соли 2025 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд. Дар рафти сафари корӣ раиси ноҳияи Данғара Саломзода Сиҷоуддин Вазири фарҳангро ҳамроҳӣ намуда,аз рафти корҳои сохтмонии бинои Муассисаи давлатии «Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии Данғара» шинос шуда, инчунин аз фаъолияти кории кормандони Муассисаи давлатии «Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара», Муассисаи давлатии «Театри мусиқӣ-драмавии Данғара» Шӯъбаи фарҳанг, мактаби мусиқии бачагона ва китобхонаи марказӣ дидан намуданд.
