Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ роҳ ба самти рушди давлати демократии ҳуқуқбунёд пеша намуд, ки асосҳои он ба таври васеъ дар қонунгузории кишвар инъикос гардидаанд. Дар ин самт мубрамияти хос ва ҷиддиро падидаи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, бахусус, масоили ҳуқуқ ва озодиҳои занон, ҳамчунин, ҳифзи онҳо бо назардошти махсусияти равонӣ, физиологӣ ва маънавӣ ҳамчун яке аз усулҳои муайянсозандаи давлати ҳуқуқбунёд ишғол намуд.
«Ҷомеае, ки ба Зан–Модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба Зан–Модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».
Эмомалӣ Раҳмон
Набояд фаромӯш сохт, ки солҳои аввали баъди истиқлоли давлатӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон солҳои вазнину басо мураккаб буд ва имтиҳони сахти рӯзгор пеш аз ҳама занонро ба гирдоби худ кашид. Бо вуҷуди ин ҳама монеаҳо, занон аз оғози дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ аз ҷараёни иштирок дар идоракунии кишвар дур намонданд ва дар як зумра рӯйдодҳои кишвар, аз ҷумла муҳокимаи умумихалқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи Президенти кишвар, интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, ҳамчунин дар масъалаҳои халъи силоҳ, оштӣ ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ, таъмини покизагии маънавию ахлоқии ҷомеа ва ғайра нақши созанда ва ибратбахш бозиданд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки проблемаи беҳтаргардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошту дорад.
Новобаста ба душвориҳои сангини солҳои аввали истиқлолият ва ноустувории амнияту суботи кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расониданд, ки ин дар таърихи навини Тоҷикистон имконияти васеъ пайдо намудани занонро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин намуд.
Баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, ки барои васеъ намудани намояндагии занон дар мансабҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ, Ҳукумати мамлакат, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии давлатӣ нигаронида шуда буд. Таъини занон ба ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дигар муассисаҳои таҳсилотӣ бо назардошти лаёқатмандӣ, сифатҳои касбӣ ва салоҳиятнокии онҳо оғоз гардид, ки дар ин самт, аз ҳисоби занон-мутахассисон таъин гардидан ба мансаби яке аз муовини роҳбар истисно набуд.
Баланд бардоштани нақши занону бонувон дар идоракунии давлатӣ, зиёд намудани шумораи занону духтарони болаёқат дар вазифаҳои роҳбарикунанда, таҳким бахшидан ба мавқеи сиёсию иҷтимоии ин табақаи аҳолӣ дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумат қарор дошта, вобаста ба масъалаҳои болозикр зиёда аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд.
Ҳамин тавр, сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо аз нигоҳи рушди таърихӣ, инчунин, аз нигоҳи таҳаввулоти сифатӣ бо фарогирии марҳилаҳои муосир мавриди амал қарор гирифтааст. Имрӯз ба масъалаи мақом ва нақши зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан талаби замон аст, зеро бо ҳалли масъалаи мақоми зан дар ҷомеа метавонем бунёди ҷамъияти боадолату тараққикардаро устувор нигоҳ дорем.
Парвина Миралиева
