Модар вожаест дилнишину беинтиҳо, азаматест нотамом, дарёест бекарон, зеботарин ва боарзиштарин ҳадяи осмонист. Азизтарин сарват, беҳтарин ормон, ситораи дурахшонест, ки ҷаҳонро нуру зиё мебахшад. Модар арзандатарин ҳастии ҳаёт, фариштаи заминӣ, равшандиҳандаи ҳар як хонадон, беҳтарин пушту паноҳ, қуввату мадори дилҳои нотавон аст.
Хуршед ниҳам номи туро ё ки ҷаҳонтоб,
Модар, зи бузургӣ сару пойи ту нигин аст,
Бар гуш расад аз ту садои хушам он рӯз,
Эй хуш бувад он рӯз садоят ба танин аст.
Олами ҳастӣ бе шакк аз меҳру муҳаббати модар ҳаваси гардишро бар худ раво донистааст. Ишқи самимӣ, меҳри амиқ, муҳаббати асили модар ба фарзанд бузургии ӯро собит месозад.
Зан–Модар тараннумгари садоқат ба Ватан, вафодорию дилбастагӣ ба ҳисоб меравад, ки шоирону адибони ҷаҳонӣ, ба хусус шоирони тоҷик дар васфашон қалам задаанд. Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири зиндаёди муосири тоҷик Мирзо Турсунзода дар васфи Зан–Модар чунин мисраъҳои шеъриро ба қалам додааст.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,
Норасида бодае дар ҷом мемондем мо.
Зан агар моро намебахшид умри бардавом,
Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Дар воқеъ Зан–Модар пайвандгари наслҳо, давомдиҳандаи ормонҳои миллии ҳар як миллат ба ҳисоб меравад. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2024) мақому манзалати Зан–Модарро гиромӣ дошта, нақши ӯро дар тамаддуни халқи тоҷик хос арзёбӣ намуданд. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат мефармоянд: «Дар фарҳангу тамаддуни мо-тоҷикон иззату эҳтироми Зан–Модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа, маҳз, дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст».
Нақши Зан–Модар дар тарбияи фарзанд хеле назаррас аст, зеро модарон нахуст мураббии дабистони фарзандони хеш ҳастанд, бинобар ин фарзандонро бояд дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоянд, то ки онҳо тавонанд дар зиндагӣ мавқеи худро ёфта ба халқу ватан хизмат намуда, зиндагии хешро пеш баранд. Модар чун аввалин мураббии башарият ва омӯзгор дар ниҳоди фарзанд на фақат бо сухан тухми муҳаббат мекорад, балки тамоми хислатҳои некӣ инсонӣ, шеваи одамият, рафтору гуфтори ҳамидаро ба таври табиӣ интиқол медиҳад. Зани фарҳангсозу тарбиятгар, аз рӯйдодҳои иҷтимоию равонии зиндагиву ҷомеа огоҳ метавонад фарзандон, аҳли оила ва пайвандони хешро тавре ба воя расонаду ҳидоятгар бошад, ки онҳо бо дили пур, ақли расо, ҷаҳонбинии фарох ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ба хотири гиромидошти модар ва расидан ба шабзиндадориҳои ӯ мо фарзандон бояд ҳамеша эҳтироми модаронро ба ҷо орем. Зеро қарзи фарзандии мо дар назди шахсияти мубораку биҳиштии модарон ҳамин аст.
Тоирзода Мавлуда Амон
Сармутахассиси раёсати илм ва
инноватсияи Донишгоҳи давлатии Данғара
