16-апрел дар Осорхонаи миллӣ дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи рассомони Тоҷикистон намоиши асарҳои мусаввирони тоҷик таҳти унвони «Роғун – Кохи нур» ифтитоҳ гардид. Намоиш бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ҳадафҳои стратегии мамлакат, бунёди яке аз иншооти муҳимму стратегии мамлакат – Неругоҳи барқи обии «Роғун» ташкил карда шуд.
Дар намоиши мазкур беш аз 100 асари санъати тасвирӣ ва ороишӣ-амалӣ, ки маҳсули эҷоди рассомон-мусаввирон, катибанигорон (графикон), муҷассамасозон, наққошон ва кандакорони кишвар мебошанд ба намоиш гузошта шудааст, ки маҳсули эҷоди 41 рассоми муосири тоҷик мебошад. Ҳамчунин, аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ асарҳои 10 рассоми шуравии тоҷик, ки солҳои 70-уми асри гузашта, дар мавзуи Роғун офарида шудаанд, ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Гуфта мешавад, ки соли 2025 рассомони машҳур ва эҷодкорони ҷавони кишвар ба НБО “Роғун” сафар карда, бо рафти сохтмон ва фаъолияти бунёдгарони ин иншооти аср аз наздик ошно шуданд ва аз фаъолияти онҳо илҳом гирифта, асарҳо офариданд, ки қисми зиёди онҳо дар ин намоишгоҳ ба маърази тамошо гузошта шудааст. Дар асарҳои офаридаи рассомони тоҷик меҳнатдӯстию мардонагии коргарону мутахассисон ва муҳандисони ин иншооти бузурги аср таҷассум гардидааст.
Боиси хушнудист, ки дар ин намоиш маҳсули эҷоди бонувони мониқалами тоҷик низ пешниҳоди тамошобинон гардидааст. Маҷаллаи “Фирӯза” намунаи корҳои чанде аз ин бонувонро манзури шумо мегардонад.


