Гум бод номи ҷанг

Вақте ба аёдати иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бозор Нағзибекови 100-сола рафтем, эшонро дар иҳотаи зану фарзандон дарёфтем. Ӯ бо завҷааш 70 сол аст, ки зиндагии якҷоя доранд ва шебу фарози зиндагиро ҳамроҳ тай карданд. Шӯхиомез пурсидем, ки чӣ тавр 70 сол ҳамдигарро “тоқат” карданд? “70 сол мисли як лаҳза гузашт”, -баробар посух доданд онҳо.

…Айёми кӯдакиву наврасии Бозор Нағзибеков душвор сипарӣ шудааст. Ӯ дар интернат ба воя расид ва баъди хатми курси омӯзишӣ фаъолияти кориашро ҳамчун корманди ҳизбӣ дар ноҳияи Тавилдара оғоз кард.

Моҳи октябри соли 1943. Дар кӯҳистон ҳаво торафт сард мешуд. Дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳия аз сабаби норасоии қувваи корӣ 50 гектар ғалла нодарав монда буд. Роҳбарияти вилоят ва ноҳия дар андеша монданд. Бозор Нағзибеков аз ҳисоби ҷавонон як бригадаи зарбдор созмон дода, дар бадали ду рӯз ғалларо даравида, ҳосили ҷамъовардаро ба анбор супурд. Дар давраи ҷанг, ҳатто, як дона гандум арзиши зарро дошт, зеро метавонист ҷони як сарбозро дар фронт наҷот диҳад.

Қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва раҳбарии ӯ аз назари роҳбарон дур намонд. Моҳи сентябри соли 1944 Бозор Нағзибековро котиби якуми Кумитаи комсомолии ноҳияи Қалъаи Хумб (ҳоло Дарвоз) интихоб намуданд.

Шароити корӣ вазнин буд. Дар хоҷагиҳо қувваи корӣ намерасид. Дар саҳро танҳо занону мӯйсафедон монда буданд.

Амаки Бозор қиссаи ба фронт рафтанашро чунин ба ёд меорад: “Моҳи декабри соли 1944 ба ман роҳбаладии як даста наваскаронро то ба шаҳри Сталинобод бовар карданд. Зимистони қаҳратун, то маркази пойтахт роҳ дур, на ҳамаи даъватшудагон либоси гарм доштанд. Дар роҳ ду ҷавонро сармо зад. Барои пурра кардани ҳайат номзадии худамро пешниҳод намудам. Ҳарчанд ки ман брон (хатти ба ҷабҳа нарафтан) доштам. Роҳбарият дар андеша монданд”.

Ҳамин тавр ӯро ба фронт фиристоданд ва роҳи Бозор Нағзибеков дар фронт, аз вилояти Оренбург оғоз шуд…

Бо анҷоми ҷанг ва Ғалаба бар фашизм роҳи Бозор Нағзибеков дар ҷанг ба охир нарасид. Ӯ пас аз чор соли хидмат, моҳи октябри соли 1947 пас аз пурра тоза шудани марзу буми Ватан аз душман ва барқарор шудани амният ҷавоб шуд.

Бозор Нағзибеков дар Ватан фаъолияташро дар сафи комсомол идома дод. Нахуст дар Ғарм, баъдан, дар Қалъаи Лаби Об (ҳоло ноҳияи Тоҷикобод) дар вазифаи котиби якуми комсомол фаъолият намуд. Ду сол дар бартараф кардани оқибатҳои заминларзаи Ҳоит ширкати фаъолона дошт.

Баъдан Мактаби олии ҳизбиро хатм карда, аз соли 1953 ӯро мудири шуъбаи ҳизбии шаҳри Сталинобод таъинаш карданд. Қобилияти хуби роҳбарӣ ва ташкилотчигии ӯро ба назар гирифта, соли 1959 директори фабрикаи қаннодии шаҳри Сталинобод таъинаш карданд. Баъдан, чанд сол директори чойхонаи маъруфи «Роҳат» буд. Ҳамин тавр, ӯ солҳо дар соҳаи матлубот кор карда, дар солҳои душвори 90-ум директори заводи нони Душанбе буд.

Бозор Нағзибеков оилаи обод дорад. Ҳамроҳи ҳамсараш –Чинигул Расулова 6 фарзандро ба воя расонданд, ки ҳама соҳибмаълумоту хонадоранд. “Ман аз набераву абера низ бой ҳастам”, -мегӯяд ин пири барнодил.

Вақте аз Бозор Нағзибеков пурсидем, ки ба ҷавонон чӣ насиҳат дорад, гуфт: “Гум бод номи ҷанг! Сулҳ беҳтарин неъмат аст. Онро қадр кардан лозим, шукр кардан лозим!”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *