“Мероси миллӣ, дурдонаҳои имрӯзи санъати Озарбойҷон”

Санаи 20-уми майи соли 2025, соати 16:00 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Намоишгоҳи мусаввараҳо ва намунаи ҳунарҳои мардумии Озарбойҷон таҳти унвони “Мероси миллӣ, дурдонаҳои имрӯзи санъати Озарбойҷон” ифтитоҳ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Адил Керимли, директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо,Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскеровродар , директори Осорхонаи миллии санъати Ҷумҳурии Озарбойҷон Ширин Меликова, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, намояндагони фарҳангу санъати Озарбойҷон ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар намоиш намунаҳои нодири ҳунару санъати Озарбойҷон, аз ҷумла “Мирзо Қодими Эривонӣ: дар буриши услубҳои шарқӣ ва аврупоии ҳунар”, ҳунарҳои мардумии суннатии Озарбойҷон, намоиши аксҳо таҳти унвони “Қарабоғ: хотираи мероси миллӣ” ва намоиши муд ба маърази тамошо гузошта шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *