Дар доираи эълон гардидани шаҳри Самарқанд ҳамчун пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом дар соли 2025 бо иштироки вазирони фарҳанги кишварҳои узви ICESCO ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ Форуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Мероси маънавӣ ва шаклҳои баёни фарҳанги ҷаҳони Ислом: хаттотӣ, мусиқӣ, шеър ва ҳамбастагӣ» доир гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинии фарҳангии байналмилалӣ муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафарзода ва сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии вазорат Савриддин Саидзода намояндагӣ мекунанд.
Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода зимни суханронӣ дар ҳамоиш қайд кард, ки Барномаи «Пойтахти фарҳанги исломӣ» ба ҳифзи ҳувияти миллӣ ва вижагиҳои фарҳангӣ, эҳтиром ба гуногунии фарҳангӣ ва ҳамзамон тарғиби тамаддуни исломӣ нигаронида шудааст.
Дар ин замина, бо зикри мақоми шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом дар соли 2010, ки метавонад ҳамчун намунаи дастовардҳо шинохта шавад, таъкид карда шуд, ки фарҳанги Тоҷикистон маҷмӯи анъанаҳои фарҳангии халқи тоҷик ва дигар халқҳои минтақа буда, ба шарофати мавқеъи ҷуғрофии кишвар ва таърихи чандинасраи он ташаккул ёфтааст. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳони ислом мавқеи муҳимро ишғол намуда, дар ин зимн, саҳми мардуми тоҷик дар ташаккул, рушд ва ҳифзи фарҳанги исломӣ аҳамияти назарраси таърихию фарҳангӣ дорад.
«Муколамаи фарҳангҳо на танҳо як воситаи ҳифзи ҳуввият, балки омили тавонои ҳамбастагии иҷтимоӣ низ мебошад. Сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои мақсаднок асос ёфта, ба таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронида шудааст. Дар ин замина, иштироки Тоҷикистон дар ҳама ибтикороти ISESCO ва Созмони ҳамкориҳои исломӣ бешак мавқеи Тоҷикистонро дар ин созмонҳо тақвият мебахшад.
Имрӯз, дар даврони ҷаҳони бисёрқутбӣ, мо рисолати худро дар таҳкими равобити фарҳангӣ бо кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ, табодули таҷриба ва пешниҳоди роҳҳои нави ҳамкорӣ мебинем. Мо минбаъд низ бо ҳамаи кишварҳо дар ҳамин руҳия ҳамкорӣ намуда, муносибатхои дустонаро роҳандозӣ менамоем» — қайд намуд Давлат Сафарзода.
Ҳамзамон, таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҳамоишро ба масъалаҳои арзишҳои умумибашарии инсонпарварӣ, инчунин таъкид ба мероси ғании фарҳангӣ ва таҷрибаи беназири Тоҷикистон дар соҳаи гуногунфарҳангӣ, сиёсати ҳамоҳангии байни миллатҳо, ҳавасмандӣ ба дипломатияи фарҳангӣ ва ҳамзистии таърихии миллату динҳои гуногун дар Роҳи бузурги абрешим ҷалб намуда, Давлат Сафарзода ҷиҳати тарғиби ғояҳои таҳаммулпазирӣ ва муколамаи тамаддунҳо, баланд бардоштани сатҳи огоҳии фарҳангии ҷавонон, рушди шаклҳои нави ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни кишварҳои узви СҲИ таклифҳо пешниҳод намуд.
Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода аҳамияти густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Созмони исломии маориф, илм ва фарҳанг (ISESCO)-ро таъкид намуда, ба директори генералии ISESCO Салим бин Муҳаммад ал-Молик ва дигар намояндагони Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) китоби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Мероси Имом Аъзам ва муколамаи тамаддунҳо»-ро, ки мақом ва саҳми Имом Аъзамро дар рушди дини ислом ва вижагиҳои мактаби ҳанафӣ инъикос мекунад, тӯҳфа намуд.
