2 июни соли 2025 вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва вазири фарҳанги Федератсияи Русия Ольга Борисовна Любимова дар ифтитоҳи намоиши «Зебоии Тоҷикистон: мерос барои оянда» дар Маҷмааи осорхонавию намоишии Академияи рассомии Русия иштирок намуданд. Намоишгоҳи мазкур дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия баргузор гардида дар он зиёда аз 30 асари рассомони маъруфи тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуд.
Қайд бояд намуд, ки намоиш то 5-уми июни соли 2025 идома меёбад.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
