Ганҷи маънӣ

Як бахши муҳимми фарҳанги халқи тоҷикро санъати сарояндагӣ ва навозандагӣ ташкил медиҳад. Беш аз ҳазор сол аст, ки суруду мусиқиҳои классикии тоҷикӣ равшангари ақлу дил ва шавқафзои маҳфилу базмҳоянд.

Дӣ чангии ман ки базм равшан мекард,

Дар замзама ӯ кори дили ман мекард.

Дилҳо, ки зи чанги ӯ ба танг омада буд,

Дар чанг фитода буду тан тан мекард.

Амир Хусрави Деҳлавӣ

Сарчашмаи навоҳои классикии мо сурудҳои «Хус­ра­вонӣ»-и асосгузори мусиқии классикии то­ҷикӣ Борбади Марвазӣ аст. Сесаду шаст оҳанги вобаста ба фаслҳои сол, ҳодисаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои миллии мардуми ориёӣ эҷодкардаи ӯ олитарин осори санъати сарояндагӣ ва навозандагӣ буданд. Навоҳои «Мушкдона», «Сарв андар сарв», «Моҳ дар кӯҳон», «Сарви саҳӣ», «Ганҷи гов», «Ганҷи сӯхта», «Ганҷи бодовард», «Шодирвони марворид», «Наврӯзи Аҷам» ва дигар оҳангу таронаҳои мавсуф ҳикмати зиндагонӣ доштанд. Он суруду оҳангҳо шунавандагонро ба олами зебоӣ андеша ва худсозӣ мебурданд.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ин маъноро чунин ифода кардаанд:

Кошифи сиррему кори мо ҳамин,

Ки ниҳониро барорем аз замин.

Дар асри XV, ки даврони эҳё ва ривоҷ ёфтани адабиёт ва ҳунари халқи тоҷик буд, мусиқии классикии мо рангу ҷилои нав ёфт. «Дувоздаҳмақом» ҳамчун идомаи «Хусравонӣ» дар шаҳрҳои бостонии Ҳирот ва Самарқанд ҷойгоҳи хос дошт. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Рисолаи мусиқӣ»-и худ арзиш ва моҳияти ин ганҷинаи маънавии миллатро бағоят устодонаю ҳакимона бозгӯ кард. Ва ҳикмати Шайх Саъдиро, ки суруду мусиқиро «ғизои руҳ» номида буд, таъкид намуд.

Дар асри XVIII ин сурудҳои диловез номи «Шаш­мақом»-ро гирифтанд. Мақомҳои «Рост», «Бузрук», «Наво», «Ду чоҳ», «Сегоҳ», ва «Ироқ» аз ростӣ, садоқат, ишк, умед, сабр, футувват ва одамият ҳикоят мекунанд.

Мутриби ишқ аҷаб созу навое дорад,

Нақши ҳар парда, ки зад роҳ ба ҷое дорад.

Олам аз нағмаи “Ушшоқ” мабодо холӣ,

Ки хушоҳангу фараҳбахш ҳавое дорад.

Дар давоми чордаҳ садои гузашта мусиқии клас­сикӣ ва шеъри оламгирӣ мо ҳамдигарро комил карданд. Зеро бузургтарин шоирони гузашта дар як вақт навозандаю хонанда ва оҳангсозони машҳур ҳам буданд. Анъанаи оғозкардаи Борбад ва Абуабдуллоҳи Рӯдакиро Ҷалолиддини Балхӣ, Хоҷа Хофиз, Абдураҳмони Ҷомӣ, Наҷмиддини Ковкабӣ, Дарвешалии Чангӣ, Сафиуддини Урмавӣ ва дигарон давом доданд. Ва ин иртиботи маънавӣ ба таври муназзам то замони шуравӣ идома ёфт.

«Шашмақом» ҳамчун як силсилаи мукаммали суруду оҳанги ҷаҳони маънавии миллати моро дар худ таҷассум кардааст. Ба шарофати он забони шевою шаккарини тоҷикӣ маҳбуби хосу ом гашт ва решаашро дар замини зиндагӣ мустаҳкамтар намуд.

Дар замони мо, ки даврони ҷаҳонишавии фар­ҳангҳо аст, мо ба неруи бешикасту рӯҳбаланд­ку­нандаи суруду оҳангҳои «Шашмақом» сахт ниёз дорем, зеро «Шашмақом» акси садои вақт, ҳикмати зиндагонӣ, моҳияти умри одамӣ ва рисолати ӯро дар зиндагонӣ таъкид мекунад. Аз шунидани «Шаш­мақом» ақл комил, дил нуронӣ ва чашм ҷонбин мегардад.

Он нағма, ки з-осмон расидаст маро,

Чун ҳадяи рӯҳу ҷон расидаст маро.

Дар зеру бомаш замзами имрӯз аст,

Ҳарчанд зи бостон расидаст маро.

Убайдулло Акрамзод

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *