ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025

Субҳи имрӯз, 21 июн дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Вазири фарҳанг Амонзода Матлубахон Сатториён ба намояндагони ВАО-и кишвар доир ба фаъолияти вазорат дар шашмоҳаи аввали соли 2025 маълумот дода, ба суоли хабарнигорон посух гуфт.

📝Дар зер маълумоти мухтасар доир ба фаъолияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шашмоҳаи аввали соли 2025, ки дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби вазир ироа гардид, манзури Шумо мегардад:

📝Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 фаъолияти худро дар самти татбиқи сиёсати давлатии фарҳанг идома дода, барои ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳангӣ, таҳкими сиёсати фарҳангии давлат, эҳё ва рушди мероси ғайримоддӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа, инчунин дастгирии ҳунармандону муассисаҳои фарҳангӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ чораҳои зарурӣ андешид.

✍️ДАСТОВАРДҲОИ АСОСӢ:

📌Рушди фарҳанг ва санъат:

Дар нимсолаи якуми соли 2025 муассисаҳои театрию консертии кишвар беш аз 81 чорабинии муҳими фарҳангӣ баргузор намуданд: аз ҷумла Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту–2025”, Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ “Наврӯз”, Фестивал-намоиши либоси миллии «Ҷилваи рангҳо», Фестивали маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ “Бозори ҳунар”, озмунҳои «Оинаи таърих» ва «Даргоҳи маърифат», таҷлили Рӯзи Модар бо иштироки кӯдакон ва наврасон дар МД “Кохи Борбад” ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон.

Ҳамзамон, падидаи фараҳбахши ҳаёти фарҳангии кишвар муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Оркестри давлатии симфонии ДИП ҶТ бо иштироки Пешвои миллат ба шумор меравад. Вазорат бо ҷалби олимон, ходимони дин, чеҳраҳои фарҳанг ва сиёсатшиносон «Маҳфили маърифатӣ-фарҳангӣ» таъсис дод, ки ҳадафи он баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқии шаҳрвандон мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ маҳфили мазкур дар шаҳрҳои Ҳисор, Роғун, Душанбе ва Ваҳдат доир шуд. Барномаи «Деҳа ба деҳа» дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллӣ амалӣ шуда, дар ин давра дар шаҳру навоҳии кишвар 3 013 чорабинии фарҳангӣ баргузор гардиданд.

📌Ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ:

Номинатсияи “Хутали қадим” бо фарогирии 11 (ёздаҳ) адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии ҳудуди вилояти Хатлон аз ҷумла ёдгориҳои Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратеппа (аз ноҳияи Восеъ), Қалъаи Золи Зар, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин (аз ноҳияи Данғара), Шаҳристони Золи Зар, Шаҳртеппа, Корвонсаройи Тоҳир (аз ноҳияи Фархор), Дайри Буддоии Хишттеппа (аз ноҳияи Ховалинг), Дайри Буддоии Аҷинатеппа (аз ноҳияи Вахш), шаҳраки Ҳалевард (аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) ба феҳристи ЮНЕСКО ворид карда шуданд.

 

📌Ҳамкории фарҳангии байналмилалӣ:

Дар ин давра рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ баргузор гардида, намояндагони вазорат дар форумҳо ва нишастҳои сатҳи баланди байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Маҳфили шеъру адаби Тоҷикистон ва Эрон; Таҷлили Рӯзи Модар бо иштироки кӯдакон ва наврасон дар МД “Кохи Борбад”; Барномаҳои бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз бо иштироки гурӯҳҳои ҳунарӣ аз Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд; Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Русия; Бузургдошти 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ ва баргузории “Шоми Шашмақом” дар қароргоҳи ЮНЕСКО; Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон; Иштироки ҳайати ҳунарӣ дар Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2025 дар шаҳри Осакаи Ҷопон аз муҳимтарин чорабиниҳо дар ин самт мебошанд.

Ҳайати эҷодии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба Ҷумҳурии Фаронса, Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ва Сирки давлатии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия сафари ҳунарӣ анҷом доданд.

Инчунин дар ҳамин давра, дар ш.Душанбе ҳамоиши муштараки Шӯрои ҳамкории гуманитарӣ ва раёсати Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои ИДМ дар доираи Форуми XVIII-и зиёиёни эҷодкору илмии кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид.

 

📌Китобхонаҳо ва фарҳанги мутолиа:

Дар давраи ҳисоботӣ, китобхонаҳои давлатию оммавӣ як силсила маҳфилҳои илмӣ, адабӣ ва оммавиро ташкил карданд.

Муассисаҳои табъу нашр 20 номгӯи китобро бо теъдоди беш аз 15 ҳазор нусха ба нашр расонида, 11 намоиш-фурӯши китоб баргузор намуданд. Маҷаллаи нави илмӣ-публитсистии «Адиб» аз чоп баромад. «Корвони китоб»-ҳаракати фарҳангӣ соли 2025 дар ноҳияҳои вилояти Суғд ва ВМКБ ташкил карда шуд.

Ҳамчунин, қисми 8-уми маҷмуаи «Библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ дар Тоҷикистон» ба нашр расид, ки масоили муҳими китобхонашиносӣ, бойгонишиносӣ ва нашриётро фаро мегирад.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар самти рушди фарҳанги миллӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва дастгирии ташаббусҳои эҷодӣ минбаъд низ идома медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *