НИЗОМНОМАИ Озмуни ҷумҳуриявии “Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025”

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.1. Озмуни ҷумҳуриявии “Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025” (минбаъд Озмун) бо мақсади таҳлили вазъи рӯзномаву маҷаллаҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чопшаванда, интишори мавод ва тақвият бахшидан ба фаъолияти минбаъдаи онҳо, ҷиҳати иҷрои банди 15 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ташкил карда мешавад.
1.2. Ташкилкунанда ва масъули баргузории Озмун Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (минбаъд — Ташкилкунанда).
1.3. Озмун тавассути васоити ахбори омма эълон, тарғиб ва инъикос мегардад.
2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ОЗМУН
2.1. Мақсад аз баргузории озмун рушди соҳаи табъу нашри кишвар, дастгирии кормандони васоити чопии ахбори омма, ҳавасманд намудани рӯзноманигорон, тарғибу ташвиқи ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ гардидани нақшаҳо ва барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути нашри маводи гуногун дар нашрияҳо мебошад.
2.2. Ҷалб ва такмили маҳорат, ба камол расонидани мутахассисони варзида дар самти фаъолияти рӯзноманигорӣ.
2.3. Замина гузоштан баҳри ҷалби ҷомеа барои дастрасии иттилоот аз манбаи муътамад.
2.4. Ҷустуҷӯ ва пешниҳоди роҳу усулҳои муосир барои тақвияти фаъолияти воситаҳои чопии ахбори омма дар ҷумҳурӣ.
2.5. Расонидани маводи таҳлилӣ ва бедор намудани ҳисси худшиносии ҷомеа тавассути нашрия.
2.6. Дарёфти роҳҳои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мутолиаи нашрия.
2.7. Фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои рӯзноманигорони нашрияҳои даврӣ.
2.8.Ҷоннок намудани табодули таҷрибаи кормандони нашрияҳои ҷумҳуриявӣ бо рӯзномаҳои ноҳиявию шаҳрӣ.
3. ТАРТИБИ БАРГУЗОРӢ
3.1. Озмун аз 1 августи соли 2025 то 10 декабри соли 2025 баргузор карда мешавад.
3.2. Довталабоне, ки мехоҳанд дар озмун иштирок намоянд, бояд якчанд нусхаи асл (аз чанд шумора) аз рӯзнома ё маҷаллаи дар давоми солҳои 2024 — 2025 нашрнамудаашон бо пешниҳоди ариза ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намоянд.
3.3. Нусхаҳои рӯзнома ё маҷаллаҳои ба Озмун ҳамчун намуна пешниҳодгардида бозпас гардонида намешаванд.
3.4. Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 1 декабри соли 2025.
4. ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ИШТИРОКЧИЁН
4.1. Нашрияҳое ба озмун роҳ меёбанд, ки дар матбааҳои дохили ҷумҳурӣ ба чоп расида бошанд.
4.2. Нашрияе, ки теъдоди нашрашон аз 100 нусха кам аст, қабул карда намешаванд.
4.3. Ташкилкунандаи баргузории Озмун ҳуқуқ дорад, дархости довталабонеро, ки барои иштирок дар Озмун ба вазорат муроҷиати хаттӣ накардаанд, рад намоянд.
5. КОМИССИЯИ ОЗМУН
5.1. Мутасаддии баргузории озмун– Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии “Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025” (минбаъд Комиссияи озмун) мебошад, ки ҳайати он бо фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
5.2. Ваколатҳои Комиссияи озмун:
— муайян намудани дурустии маводи пешниҳодшаванда ба талаботи озмун;
— пешниҳоди гурӯҳи ҳакамон барои санҷиши маводи ба озмун пешниҳодшаванда ва муайян намудани ғолибон.
5.3. Комиссияи озмун дар ҳолати ҷавобгӯ набудани хулосаи ҳайати ҳакамон ба талаботи Низомномаи мазкур, инчунин дар ҳолатҳои истисноӣ ва муайян гардидани иштибоҳоти техникӣ, ҳуқуқи бекор кардани онро дорад. Ҳамчунин, дар сурати ба вуҷуд омадани мушкилоте, ки дар Низомнома пешбинӣ нашудааст, Комиссияи Озмун ваколати ҳалли онро дорад.
5.4. Ҳайати ҳакамон, бо мақсади муайян намудани ғолибони Озмун, аз ҳисоби кормандони вазорат, рӯзноманигорони варзида аз тарафи Комиссияи озмун пешниҳод шуда, аз ҷониби Вазорати фарҳанг тасдиқ карда мешавад.
5.5. Ҳайати ҳакамон тариқи овоздиҳии махфӣ ғолибонро муайян мекунанд.
5.6. Хулосаи ҳайати ҳакамон дар ҷаласаи Комиссияи Озмун баррасӣ ва тасдиқ карда мешавад.
5.7. Баъди ҷамъбаст аъзои ҳакамон ба ташкилкунандаи озмун тариқи хаттӣ протокол пешниҳод мекунанд.
6. ШАРТҲОИ ОЗМУН
6.1. Дар озмун идораи рӯзнома ё маҷаллаҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2024-2025 нашршуда, новобаста аз шакли моликият ва самти фаъолият, ҳуқуқи иштирок кардан доранд.
6.2. Нашрияи пешниҳодшуда ба озмун дар асоси талаботи Низомнома ба ҳайати ҳакамон барои муайян намудани ғолибон пешниҳод карда мешавад.
6.3. Ҳангоми таҳлил ва баҳогузорӣ талаботи зерин ба инобат гирифта мешавад:
— мазмуну муҳтавои матолиби нашршуда;
— жанрҳои таҳияи мавод;
— инъикоси мавзуъи рӯз;
— истифодаи акс дар саҳифаҳо;
— сифати чоп;
— андоза;
— ҳаҷми саҳифа;
— теъдоди нашр;
— ороиш ва банду баст;
— фаъолнокӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ;
-пешниҳоди нусхаи шаҳодатномаи баҳисобгирии фаъолият дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— пешниҳоди маълумотнома оид ба супоридани нусхаҳои ҳатмӣ (аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Хонаи китоби Тоҷикистон).
6.4. Ҳангоми баҳогузорӣ ба мазмуну мундариҷа, сатҳи масъалагузорӣ, пешниҳоди роҳҳои ҳалли мушкилот ва маҳорати эҷодӣ афзалият дода мешавад.
6.5. Ғолибони озмун бо ҷойҳои якум, дуюм, сеюм, диплом ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида мешавад.
7. ТАЛАБОТ БАРОИ ПЕШНИҲОДИ МАВОД БА ОЗМУН
7.1. Ба маводи пешниҳодшуда бояд маълумот дар бораи муассис, соли таъсис, роҳбари нашрия бо ишораи ному насаб, рақами телефон ва суроғаи электронӣ замима шаванд.
7.2. Аз рӯзнома ё маҷаллаи солҳои 2024 — 2025 нашршуда, ба тариқи интихобӣ (аз маҷалла 5 шумора 1 нусхагӣ, аз рӯзнома 10 шумора 1 нусхагӣ) бояд пешниҳод шавад.
7.3. Муҳлати пешниҳоди маводи чопӣ то 01.12.2025.
8. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН
8.1. Ғолибони озмун бо назардошти хулосаю қарорҳои ҳайати ҳакамон муайян ва аз ҷониби муассиси озмун қадр карда мешаванд.
8.2. Ғолибони озмун аз рӯи 3 номинатсия соҳиби мукофоти пулӣ мегарданд:
Нашрияи ҷумҳуриявӣ
Ҷойи якум – 3000 сомонӣ
Ҷойи дуюм – 2000 сомонӣ
Ҷойи сеюм – 1000 сомонӣ
Нашрияи вилоятӣ, ноҳиявию шаҳрӣ
Ҷойи якум – 3000 сомонӣ
Ҷойи дуюм – 2000 сомонӣ
Ҷойи сеюм – 1000 сомонӣ
Нашрияи соҳавӣ
Ҷойи якум – 3000 сомонӣ
Ҷойи дуюм – 2000 сомонӣ
Ҷойи сеюм – 1000 сомонӣ
9. СУРОҒАИ КОМИССИЯИ ОЗМУН
Шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 34
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи тадорукот:
телефон: +992 918 64 17 72; 223-14-74; 221-40-65; 221-03-00
E-mail: raysati_tnm@mail.ru
Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *