Либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳимми фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст. Боиси хурсандист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст ва ин бешубҳа, сабаб дорад.
Таърих гувоҳ аст, ки Зан ва Модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сарулибоси хосаи зебо пеши назар меояд, чаро ки занро олиҳаи ҳусн мегӯянд.
Барои ҳамагон равшан аст, ки дар Тоҷикистони азизи мо атласу адраси чашмрабои мардуми Суғд, гулбасту куртачаканҳои дилкаши ҳунармандони Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори чеварони минтақаи Рашт, алочаву шоҳии чирадастони водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷӯробҳои зебои занҳои ҳунарманди Бадахшон хеле овозадор буда, либоси миллии мо, маҳз, бо ҳамин рангу ҷилоҳои минтақаҳои кишвари мо дар ҷаҳон муаррифӣ гардидааст.
Аммо, чӣ тавре ки мушоҳида мегардад, солҳои охир ҳусни либоспӯшии занони тоҷик тадриҷан коста гардида, сари ин масъалаи марбут ба ҳуввияти миллӣ ва фарҳангӣ баҳсҳои доманадор ба вуҷуд омадаанд ва ҳозир низ идома доранд.
Дар робита ба ин масъала Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ бахшида ба Рӯзи модарон чунин таъкид кардаанд: “Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири таклид ба ин тарзи либоспушӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмили ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро чорӣ намоянд”.
Мо тарафдори либоси миллии тоҷикон ҳастем ва аз ҷавонон даъват ба амал меорем, ки ҳеч гоҳ бегонапарастӣ накарда, ба фарҳангу тамаддун ва арзишҳои милли тоҷикон эҳтиром гузоранд ва фирефтаи афкори як идда бадхоҳону бадандешон дар хориҷи кишвар нагарданд.
Нилуфар Раҳмонова
