Муҳимтарин сарчашмаи рушди ҳар як давлати соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ, ягонагӣ, иттиҳод ва истиқлоли давлатӣ маҳсуб мешавад. Ҳаводиси сиёсии охири асри ХХ собит намуд, ки бе ваҳдати комил на танҳо рушд ва пешрафти кишвар ба даст намеояд, балки эҳтимоли аз байн рафтани давлати миллӣ ба миён меояд.
Ваҳдати миллӣ ин натанҳо иттиҳоду ягонагӣ, балки омили асосии ҳифз ва таҳкими арзишҳои суннатӣ, таърихӣ, динӣ, илмиву фарҳангӣ ва унсурҳои волои миллӣ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи буҳрони сиёсӣ масъулияти олии созандагиро ба зимаи хеш гирифта, манфиатҳои умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллӣ боло гузошта, барои ба даст овардани ризоият ва сулҳу ваҳдати миллӣ муваффақ гардиданд.
Таҷриба ва амалияи сулҳи тоҷикон имрӯз на танҳо дорои аҳаммияти миллӣ мебошад, балки арзиши ҷаҳонӣ низ пайдо намуда, дар ҳалли низоъҳои давлатҳои ҷангзада ҳамчун намуна ё модели нодири сулҳофарӣ тавсия мегардад.
Имрӯз бонувони тоҷик зери сиёсати хирадмандона ва созандаю бунёдкоронаи Президенти кишвар бо такя ба оину суннатҳои давлатдории аҷдодӣ, баҳри рушду таҳкими ваҳдати миллӣ азму талоши созанда дошта, ба сӯйи дастоварду бунёдкориҳо ва ояндаи неку дурахшон гом мегузоранд.
Вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва ҳаводиси солҳои охир нишон дод, ки иқтисоди устувор ва ҳатто артиши пуриқтидори мусаллаҳ бо муосиртарин таҷҳизот наметавонад амнияти давлатро ба таври бояду шояд таъмин намояд.
Танҳо давлате амнияти худ ва осоиштагии мардумро ҳифз карда метавонад, ки сиёсати оқилонаро пеш гирифта, иттиҳоду ҳамбастагии мардумашро таъмин намояд.
Яке аз хатарҳо ва муаммоҳои ҷаҳони муосир, ки ба ҷомеаи башарӣ ва амнияти миллии давлатҳо таҳдид менамоянд, ин зиёдшавии падидаҳои номатлуб, аз қабили тероризму экстремизм, бегонапарастӣ ва таассуб мебошад.
Бо дарки огоҳ будан аз хатари падидаҳои номатлуб ва роҳҳои пешгирии он Асосгузори сулҳу ваҳдатаи миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама мулоқоту вохӯриҳо ва ҷаласаву ҳамоишҳои сатҳи баланди минтақавӣ ва байналмилалӣ тероризм ва экстремизмро маҳкум намуда, дину мазҳаб ва ватану миллат надоштани ин падидаҳоро таъкид мекунанд.
Яке аз воситаҳои таъсиррасон ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротии бегонпараст истифодаи сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ мебошад. Мутаасифона, то ҳол баъзе аз ҷавонони мо аз усулҳои дурусти истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ бархӯрдор нестанд. Аз ин ҳолат гурӯҳҳои ифротгарою бегонапараст истифода намуда, онҳоро ба доми худ мекашанд.
Ташкилотҳои терористию экстремистӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ бо нигаронии сабтҳои видеоӣ, наворҳои таблиғотӣ ба руҳияи ҷавонон таъсири манфӣ расонида, тарафдорони худро бо ин васила зиёд менамоянд.
Ин омилҳои номатлуб мо модаронро ҳушдор медиҳад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ҳар як рафтору кирдори фарзандони хешро назорат кунем.
Саодати ҳар як миллат ва тақдири ояндаи он аз таълиму тарбия, неруи зеҳнӣ ва маърифати насли ҷавон вобаста аст. Сиёсатмадори маъруф Маҳатма Ганди таъкид кардааст, ки: “агар мо сулҳи пойдорро дар ҷаҳон хоҳем, бояд аз тарбияи кӯдакон оғоз кунем.”
Ин масъулият бар души мо модарон аст. Рисолати мо модарон он аст, ки фарзандонро дар руҳияи худшиносӣ, нангу номуси ватандорӣ тарбия намуда, алайҳи чунин падидаҳои номатлуби ҷомеа дар якҷоягӣ муборизаи беамон барем ва дар баробари тарбияи фарзанди соҳибкамол ҳифзу гиромидошти Истиқлоли давлатиро тақвият бахшида, дар пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвари азизамон саҳмгузор бошем.
«Фирӯза»
