Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар расман ифтитоҳ ёфт

Дар ин маросим вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода иштирок ва суханронӣ намуда, таъкид сохтанд, ки баргузории рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатарро самараи сиёсати дурандешонаи роҳбарони олии кишварҳо буда ин иқдом заминаи рушди мусоид барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ мегардад.

Қобили қайд аст,ки вазири фарҳанги Давлати Қатар Шайх Абдурраҳмон ибни Ҳамад Оли Сонӣ дар ин барномаи пуршукӯҳи консертӣ иштирок намуда, ба фарҳангу санъати бою рангини тоҷик аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

Барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар ансамбли созҳои миллӣ, гурӯҳҳои рақсии “Зебо” ва “Парасту” , ки дар сатҳи баланди касбӣ ба саҳна гузошта шуданд, пешниҳод гардида, истиқболи гарму самимӣ ёфт.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *