
Имрӯз дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуот ҳамкори мо, ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Фирӯза» Муҳиддин Олимов бо Нишони сарисинагии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» қадрдонӣ шуд. Ин нишонро Муҳиддин аз дасти Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён гирифт.
Аҳли эҷоди маҷаллаи «Фирӯза» Муҳиддин Олимовро бо ин дастовард муборакбод мегӯянд.
