
Хонандагони азизи маҷаллаи “Фирӯза”! Имрӯзҳо шумо дар замони соҳибистиқлолии кишварамон, дар даврони рушди технологияи навини чопӣ, шумораҳои мусаввар ва муҷаллали маҷалларо ба даст гирифта, шояд фикр намекунед, ки он 94 сол қабл чӣ гуна ва дар чӣ шароите чоп мешуд? Ва чӣ роҳҳои пурпечутобро ин маҷалла пушти сар кард? Оё медонед, ки маҷалла 10 сол аз нашр бозмонда буд ва бо шарофати як бонуи дилсӯз чопи он дубора ба роҳ монда шуд…
Шумораи нахустини маҷаллаи “Фирӯза” таҳти унвони “Бо роҳи ленинӣ” соли 1932 нашр шудааст. Муҳаррири нахустини маҷалла Ортиқбоева мебошад, ки мутаассифона ҳанӯз дар бораи ӯ маълумоти кофӣ дар даст нест. Маҷалла бо ҳамин унвон то соли 1941, яъне то оғоз шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ нашр ме- шуд, вале бо оғози ҷанг, ба далели ҳазф шудани буҷети соҳаи табъу нашр чопи он боз дошта шуд.
Ҷанг соли 1945 хотима ёфт, вале эҳёи дигарбораи маҷалла ба ёди касе наомад. Ҳол он, ки дар он солҳо аксари кишварҳои Иттиҳоди Шуравӣ барои занон маҷаллаи вежа доштанд.
Бо гузашти қариб 10 сол, аниқтараш соли 1951 Ко- тиби кумитаи марказии Ҳизби Комунистии Тоҷикистон Саида Холиқова масъалаи эҳёи дубораи маҷалла барои занонро ба миён мегузорад, вале бо номи дигар
– “Занони Тоҷикистон”.
Дар ин бора шоири ҷанговар Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ дар ёддоштҳояш менависад: “Маро баъди ҷанг Котиби КМ ҲК Тоҷикистон Саида Холиқова ба наздаш ҷеғ зада, гуфт: «Ҷанг кайҳо тамом шудааст, вале мо ҳанӯз нашри журнали занонро эҳё накардаем» ва супориш дод, ки маводи маҷалларо омода кунем. Ҳамин тавр, маҷалла аз нав эҳё шуд. Саида Холиқова муҳаррири маҷалла буд.”.
Яъне баъди эҳёи маҷалла Саида Холиқова як муддат вазифаи сардабириро худаш иҷро мекунад ва ба кори маҷалла қаламкашони касбиро ҷалб менамояд…
Банда дар бораи рӯзгор ва корномаи Саида Холиқова бисёр ҷустӯҷӯ карда, аз ду манбаъ яке аз китоби ходими давлатӣ Искандар Қаландаров “Они были первыми” (2003) ва рӯзномаи «Коммунисти Тоҷикистон» (некрологи фавти С. Холиқова, 12 декабри соли 1975) маълумот пайдо кардам…
Холиқова Саида Ахмедовна 19.12.1911 дар маркази тамаддуни тоҷикон шаҳри Бухоро таваллуд шудааст. Падару модараш аз нафароне буданд, ки аз сиёсати Ҳукумати Шуравӣ истиқбол намуда, мавқеъ ва обрӯ доштанд. Падараш Аҳмадҷон Холиқзода корманди ҳизбӣ буд.
Саида дар мактаб хату савод бароварда, фаъолияти меҳнатиашро соли 1929 аз корхонаи нассоҷии шаҳри Бухоро оғоз мекунад. Баъдан, сарнавишти ӯ чунин сурат мегирад: Солҳои 1931-1933 раиси иттиҳодияи хӯроки умуми шаҳри Бухоро; 1933-1934 раиси Иттифоқи ка- сабаи кормандони савдои шаҳр; 1934-1936 муовини мудири шуъбаи иттилоотӣ, 1936-1937 мудири бахши баҳисобгирии Кумитаи марказии Комсомоли Тоҷикис- тон; 1937-1939 мудири шуъбаи дастхатҳои Китобхонаи давлатии шаҳри Душанбе; 1939-1940 Котиби якуми Кумитаи комсомоли ноҳияи Роҳи оҳан; 1940-1942 Ко- тиби якуми Кумитаи комсомоли шаҳри Сталинобод; 1942-1943 мудири бахши кадрҳои КМ ҲК Тоҷикистон; 1943-1945 котиби Кумитаи марказии Комсомол; 1945- 1948 мудири шуъбаи савдо ва хӯроки умумии шаҳри Сталинобод; 1948-1954 котиби КМ ҲК Тоҷикистон, 1954-1958 муовини раиси Президиуми Шурои Олии Тоҷикистон буд. Номбурда соли 1958 ба нафақа мебарояд. Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат ва дигар мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шудааст.
Саида Холиқова 10 декабри соли 1975 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Ин зани фидоӣ, барои рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон талош кард, вале муҳимтарин кори ӯ, эҳёи маҷаллаи “Занони Тоҷикистон” буд, ки имрӯзҳо бо номи “Фирӯза” нашр мешавад. Ҳамин аст, ки номи ӯ дар таърихи матбуот ва журналистикаи тоҷик бо ҳуруфи заррин сабт хоҳад шуд.
Одил Нозир
