Экстремизм ва терроризм ҳамчун ҷинояти мудҳиши байналмилалӣ хатари ҷиддӣ ба амният ва суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Ҳамин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон мебарад.
Кишвари мо дар ин самт як зумра қонун, санадҳои ҳуқуқиро қабул намудааст. Аз ҷумла: Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (соли 1999), Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» (соли 2020), Фармони Президенти ҶТ “Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм” (аз 21-уми апрели соли 1997, №707), Барномаи давлатии ҶТ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм барои солҳои 2000-2003, Стратегияи миллии ҶТ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, Фармони Президенти ҶТ аз 12-уми ноябри соли 2016, №776, Консепсияи ягонаи ҶТ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), аз 28-уми марти соли 2006, Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротталабӣ (аз 30 январи соли 2002, №513), Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар ҶТ барои солҳои 2021-2025 (аз 1-уми июни соли 2021 №187) ва ғ. Ҳамзамон Тоҷикистон конвенсияҳои зиддитеррористиро, ки дар чаҳорчӯбаи СММ ва СҲШ қабул гардидаанд эътироф намуда, онро мавриди амал қарор медиҳад.
Воқеан ҳам, терроризм ва экстремизм имрўз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Бетараф будан нисбат ба ин гуна ҳодисаҳо метавонад дар оянда ба оқибатҳои нохуб оварда расонад. Ифротгароӣ ҳаёти орому осоиштаи мардуми сайёраро зери хатар мегузорад.
Чунин вазъият ҷомеаи оламро ба хулосае овардааст, ки ба муқобили терроризм ва экстремизм дар якҷоягӣ мубориза баранд, вагарна ин падидаи номатлубро решакан намудан номумкин аст. Имрўз мубориза зидди ифротгароӣ ва терроризм ба муқобилияти умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташаббускорони пурзўр намудани муборизаи беамон алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳон мебошад. Дар ин ҷода, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ дар самти худ субъектҳои пешбарандаи мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб буда, дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқӣ дар таъмини тартибот, ҳифзи моликият ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақши назаррас доранд. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Амалҳои террористӣ, ин пеш аз ҳама, ҳаёти орому осоиштаи моро халалдор сохтан аст. Ин кирдори носазои дар ин ё он гўшаи олам содиршуда моро ҳушдор медиҳад, ки нисбат ба ин амали ношоиста бетараф набошем. Бар зидди ин амали номатлуб муборизаи беамон барем, то ҳаётамон тинҷу осуда бигзарад, давлатамон ором бошад ва мардумаш зиндагии арзандаро пеш баранд.
Ба қадри неъмате чун Истиқлолу давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.
Машҳурахон Азимова
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
