Дар замони муосир инсон ба худ андеша мекунад, ки дар баробари ин қадар таҳдиду хатарҳо ояндаи ӯ чӣ мешуда бошад? Ба таҳдиду хатарҳои замони муосир ё раванди терроризму экстремизм, хариду фуруши одам, маводди мухаддир, гардиши силоҳ, проблемаҳои экологӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардаанд.
Яке аз мушкилоти муҳимми замони муосир проблемаи экологӣ аст, зеро заҳролудшавии гази оксиген, нест шудани ҳайвонот ва набототи нодир, сӯрохшавии пардаи озон ва таъсири нурҳои зараррасони офтоб ба инсон, ифлосшавии баҳрҳо ва нестшавии пиряхҳо масъалаи муҳиме дар ҳаёти инсон ба ҳисоб меравад.
Обшавии пиряхҳо як падидаи табиист. Пиряхҳо захираи об мебошанд. Дар сурате, ки оби ширин дар шакли ях аз ҳолати сахт ба ҳолати моеъ табдил меёбад, захираҳо тамом мешаванд.
Валентина Николаевна Норина мутахассиси соҳаи экология андеша дорад, ки ҳамасола мушкилоти экологӣ бештар мешавад, ки аз газҳои гулхонаӣ дар атмосфера ба вуҷуд меояд.
Бинобар ин 14 декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлоисияи 77-ум Қатъномаи Тоҷикистонро таҳти унвони «2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» бо иттифоқӣ қабул намуд.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз обшавӣ ва хатари ин ҳолат дар оянда ба ҷомеаи ҷаҳон ёдовар шуда, пешниҳод карда буданд, ки ҷиҳати пайваста муҳокима намудани масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон карда шавад.
Тибқи тадқиқоти гурўҳи олимони тоҷик, ҳоло бо сабаби гармшавии глобалии иқлим деградатсияи пиряхҳо авҷ гирифта, онҳо ҳар сол аз 0,8 то 1,0 фоиз масоҳати худро гум мекунанд. Илман исбот шудааст, ки ба ҳар 10 °С гарм омадани ҳаво ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз 7 мм қабати пирях об мешавад. Агар ҳарорати ҳаво дар ним аср ба ҳисоби миёна нисбат ба давраи ҳозира 1,50 °С боло рафта, давомнокии давраи камшавии пирях 100 рӯз бошад, он гаҳ пирях дар як сол ба таври иловагӣ 1м ғафсии худро гум мекунад.
Омилҳои обшавии пиряхҳо бисёранд. Ба ғайр аз гармшавии бесобиқаи ҳаво дар кураи Замин, ки олимон инро ба афзоиши газҳои гулхонаӣ, бахусус гази ангидриди карбон дар қисмати болоии атмосфера бар асари сӯхтусӯзи сӯзишвории минералӣ дар фаъолияти инсон нисбат медиҳанд, боди афғонӣ, зуҳуроти метеорологии элнино, гарду чанги майдони хушкшудаи баҳри Арал, сиклонҳои гарм, обкушоӣ ва ҷоришавии об аз таги пирях низ аз омилҳои таъсиррасон дар обшавии босуръати пиряхҳо дониста шудаанд. Тазаккур бояд дод, ки бо таъсири ҳавои гарм миқдори обҳои ҷоришаванда аз зери пирях зиёд мешаванд ва пирях бештар «лағжанда» гардида, суръати ҳаракаташ меафзояд.
Бинобар ин мову шуморо зарур аст, ки нисбати ин масъала бетарафиро зоҳир накунем ва дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат муттаҳид гардида, дар ҳифзи пиряхҳо саҳми худро гузорем, то дар оянда ба насли наврас аз худ чизе боқӣ гузорем.
