Садоқат ба ҳунар
Сарнавишти сарояндаи шинохта, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Раҳима Шалоэр ҷолиб аст: дар Қирғизистон таваллуд шуда, дар Узбекистон ба воя расида, дар Тоҷикистон обрӯ ёфта, маҳбуби ҳамагон гардидааст.
Пайроҳаи ҳунар
Гарчанде падараш раиси хоҷагии қишлоқ буд, ба санъат шавқ дошт ва баъди кор дар ҳалқаи фарзандонаш аккордеон менавохт. Раҳима бошад, зери навои аккордеон суруд мехонд.
“Он айём орзу мекардам, ки мутрибони зиёде рӯи саҳнаи калон навозанду ман суруд хонам. Падару модарам аз орзуҳоям бохабар буданд. Аз ин рӯ, маро зуд-зуд ба тамошои консертҳо мебурданд. Дастгириву раҳнамоии онҳо буд, ки пас аз хатми мактаб ҳуҷҷатҳоямро ба Институти давлатии театриву бадеии шаҳри Тошканд ба номи А. Н. Островский супурдам” – мегӯяд Раҳима Шалоэр дар суҳбат.
Ишқе, ки ӯро ба Тоҷикистон ов...










