Равғани какао ва хусусиятҳои табобатии он
Какао – дарахти ҳамешасабзи шоколад аз оилаи стеркулиҳо буда, баландиаш то 10-15 метр аст. Ватани ин дарахт қисми тропикии Амрикои Ҷанубӣ ва ҷазираҳои Мексика, соҳили дарёҳои Магдалена ва Амазонка мебошад.
Ҳоло дарахти шоколад дар майдонҳои калони қисми тропикии Африкаи Ғарбӣ- Нигерия, Гана, Шри-Ланка ва Индонезия парвариш мешавад.
Ин дарахт дар соли 3-юм ба мевадиҳӣ оғоз мекунад. Гулҳояш хурд, гулобӣ, аз тана ва навдаҳои ғавс даста-даста мебароянд. Аммо на ҳамаи гулҳо гардолуд мешаванд ва дарахт ҳамагӣ 20-50 дона мева медиҳад.
Як дарахт дар 1 сол аз 1 то 4 кг тухмӣ медиҳад.
Пучоқи тухмҳо алкалоидҳои теобромин (то 2%) ва кофеин (миқдори ночиз), мағзи тухмӣ бошад то 50% равғани чарб дорад.
Равғани какао байни ҳарорати 30-40*С об мешавад аз ҳамин сабаб, бо моддаҳои доруӣ омехт...










