25 сентябри соли 2026 дар шаҳри Санкт-Петербург XII Форуми байналмилалии фарҳангҳои муттаҳид бо иштироки Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ифтитоҳ гардид.
Дар кори форум муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён О.О инчунин Сафарзода Т.Т ва Давлатзода Б. иштирок намуданд.
Дар доираи барномаи форум намояндагони воломақоми кишварҳои гуногун, роҳбарони муассисаҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ходимони намоёни фарҳангу санъат ва коршиносон масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи фарҳангро баррасӣ менамоянд.
Зимни чорабинӣ масъалаҳои марбут ба таҳкими робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, ҳифзу тарғиби мероси фарҳангӣ, рушди соҳаҳои фарҳанг ва санъат, инчунин густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Иштироки намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори форуми байналмилалӣ ба таҳкими муносибатҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои иштирокчӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат мусоидат менамояд.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
