Баъзе рукнҳои наврӯзии тоҷикон
Наврӯз – ҷашни қадимаи тоҷикон буда, аҷдодони мо онро қариб 5000 сол пеш аз ин низ ҷашн мегирифтанд. Рукнҳои асосии наврӯзӣ – ин хонабуророн ё хонаҳалолкунӣ, сайругашт, оростани дастурхони «ҳафт син» ва «ҳафт шин», тайёр намудани хӯрокҳои махсуси наврӯзӣ, расму русумҳои обшапак, аловпарак, сохтани чанбаргулҳо ё ин ки шогунбанд, ҷуфтбаророн, «мулҷардароён», бозиҳои наврузӣ, «Ашаглон ё ин ки «Сусхотун», «гулгардонӣ» ё ин ки «бойчечакбарӣ» ва ғайра мебошанд.
Ҳамаи ин расму русумҳо оид ба пешвозгирии Ҷашни Наврӯз дар байни тоҷикони зироаткор бо мақсади муваффақ гузаронидани корҳои саҳроӣ ва мусоидати боду ҳаво, барор гирифтани корҳои кишоварзӣ дар Соли нав равона карда шуда буданд. Ҳамин рӯз оғози кишту кор ба ҳисоб мерафт ва «Бобои деҳқон» якумин маротиба ба саҳро баромада, тухми ганд...









