ИМЗОИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ. Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Идораи осорхонаҳои давлати Қатар ҳамкориро тақвият медиҳанд
Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар ҳамкориро тақвият медиҳанд. Дар робита ба ин дар Давҳа байни Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»—и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди осорхона ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод.Ин санад дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар ва мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қатар ба имзо расид.Ба имзо расидани ин санади муҳим имкон медиҳад, ки ҳамкории мутақобилан судманд байни Осорхонаи миллӣ ва Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар дар соҳаи осорхонашиносӣ тавсеа ё...










