ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ
КОНСТИТУТСИЯ ШОҲСУТУН, ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ ВА САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ ХАЛҚИ ТОҶИК МЕБОШАДАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотиашон ба муносибати Рӯзи Конститутсия қабули ин ҳуҷҷати муҳимму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлоли миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд.
Қабули Конститутсия агар аз як тараф дастоварди таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондӯстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳсуб гардида, ш...









