АСОСӢ

Иштирок дар Анҷумани ХV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АСОСӢ, Матбуот, Президент, Хабарҳо

Иштирок дар Анҷумани ХV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

18 декабр дар Кохи Борбад таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки 1473 вакил аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор гардид.Пас аз тасдиқи реҷаи корӣ ва рӯзномаи анҷуман як қатор масъалаҳо вобаста ба фаъолияти он дар панҷ соли охир ва барномаю нақшаҳои корӣ барои панҷ соли оянда, аз ҷумла омодагӣ ба интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқ баррасӣ шуд.Дар оғози кори Анҷуман Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони анҷуман ва ҳамаи аъзои ҳизбро бо 30-юмин солгарди таъсиси ин ниҳоди бузурги сиёсию иҷтимоӣ табрику таҳният гуфта, фаъол...
Мулоқот бо сафири ҶИ Эрон
АСОСӢ, Хабарҳо

Мулоқот бо сафири ҶИ Эрон

Имрӯз, 17-уми декабр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон - Алиризо Ҳақиқиён мулоқот доир гардид.Дар мулоқот оид ба густариши робитаҳои фарҳангӣ, баргузории Рӯзҳои фарҳанг ва дигар паҳлуҳои ҳамкорӣ, мубодилаи афкор сурат гирифт.Инчунин, дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши бештари робитаҳои фарҳангӣ, баргузории намоишҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба суҳбат намуданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...
Таҷлили 30-солагии таъсиси ҲХДТ
АСОСӢ, Хабарҳо

Таҷлили 30-солагии таъсиси ҲХДТ

Санаи 11-уми декабр бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бахшида ба таҷлили 30 – солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, Ширинбеков Садриддин – сардори шуъбаи таблиғоту ташвиқот ва иттилооти Дастгоҳи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Сипас аз ҷониби донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода барномаи фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...
Таҷдиди роҳ ва пули мошингард дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
АСОСӢ, Президент, Хабарҳо, ҶОЗИБАҲОИ ТОҶИКИСТОН

Таҷдиди роҳ ва пули мошингард дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд.Иттилоъ дода шуд, ки корҳои навсозӣ дар ин ҷо дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 оғоз гардида, бо тарҳи муосир ва сифати баланд ба анҷом расонида шуд.Бояд гуфт, ки пули мазкур то замони соҳибистиқлолӣ сохта шуда, бо мурури замон ду шафати он ба таъмиру навсозӣ ниёз пайдо карда буд.Барои таъмини устуворӣ дар иншоот нахуст аз ду канори пули мошингузар сутунпояҳои бетонӣ бунёд шуда, сипас болои он бо панҷараҳои мунаққаши оҳанӣ бо риояи унсур...
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
АСОСӢ, Матбуот, Президент, Хабарҳо

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд

5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд.Бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи “Акашариф Ҷӯраев” бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмир бароварда шуда, дар он барои кору эҷоди аҳли ҳунар имкониятҳои мутобиқ ба талабот фароҳам гардидааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ деҳлезҳо, толори барҳавои муассиса бо 989 ҷойи нишаст, 10 ҳуҷраи пардозгарӣ ва ёрирасон аз таъмир бароварда шуд.Дар толори консертӣ дастгоҳҳои тақвияти овоз, чароғҳои нави ранга ва монитори калон насб гардидааст. Дар маҷмуъ дар т...
«Меҳргон» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид
АСОСӢ, Хабарҳо

«Меҳргон» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид

Бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз боз як ҷашни суннатии мо – Меҳргон расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ сабти ном шуд. Имрӯз дар ҷаласаи 19 уми Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар шаҳри Асунсйони Парагвай ҷараён дорад, номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҶИ Эрон “ Ҷашни Меҳргон” расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид шуда, инчунин номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон, ҶИ Эрон ва Ӯзбекистон “Санъати рубобсозӣ ва рубобнавозӣ” (“Art of crafting and playing rubab/rabab”) расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид шуд. Маркази матбуоти Ва...
Вохӯрии вазири фарҳанг бо сафири Ҳиндустон
АСОСӢ, Хабарҳо

Вохӯрии вазири фарҳанг бо сафири Ҳиндустон

Ҳамкориҳои фарҳангӣ бо дигар кишварҳо дар муаррифӣ ва густариши фарҳанги миллӣ нақши босазо мегузорад.Вобаста ба ин имрӯз, 3-юми декабр Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо Раҷеш Уике - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд. Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманду фарҳангии ду кишвари дӯст -Тоҷикистону Ҳиндустон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда беш аз пеш тавсеа меёбанд.Инчунин, вобаста ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон (дар соли 2025) мубодилаи афкор сурат гирифт. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ...
Духтаре нобиное,  ки дар “Фурӯғ…” ғолиб шуд
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Хабарҳо

Духтаре нобиное, ки дар “Фурӯғ…” ғолиб шуд

Қиссаи ӯ ҷолиб аст. Ӯ ҳамаи осори назмӣ ва насриро аз забони модараш гӯш карда, аз худ намудааст. Ин духтар бо вуҷуди нобиноӣ пас аз 4 соли иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" пирӯз шуд! Ахмедзода Фараҳбахш - зодаи шаҳри Панҷакент, хонандаи синфи 9-и МТМУ №63, духтараке, ки бо амри тақдир нобино ба олами ҳастӣ қадам гузоштааст. Аз ҳамсолони худ ду сол дер ба таҳсил оғоз кард. Бо ёрии атрофиён ба мактаб меравад. Шӯру шавқ ва ҷозибаи озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ӯро водор сохт, ки дар номинаи адабиёти классикии тоҷик бо ёрии модараш омодагӣ бинад. Нокомиҳо дар давоми солҳои гузашта ӯро руҳафтода накард ва бо иродаи устувор ба омӯзиш идома дод. Ҳамаи шеърҳоро модар барояш мехонд ва Фараҳбахш ҳифз мекард. Ҳамчунин, асарҳои насриро низ мод...
Мулоқоти вазири фарҳанг бо сафири Олмон
АСОСӢ, Хабарҳо

Мулоқоти вазири фарҳанг бо сафири Олмон

Роҳбарияти Вазорати фарҳанг бо Ҷаноби Йорк Шуграф - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд.Дар ин мулоқот ҷонибҳои оид ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва бозомӯзӣ, такмили ихтисос инчунин, баҳри табодули таҷриба мубодилаи афкор намуданд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг