Гуле дар рухи моҳтоб
Мастона Восиева аз зумраи он шахсонест, ки дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳанпарастӣ тарбият ёфта, муқаддамтарину муқаддастарин неъмати бебаҳои зиндагӣ барои ӯ муҳаббати беандоза доштан нисбат ба Ватан – Модар аст. Ӯро падару модари соҳибхираду бомаърифат дар муҳити созгору осоишта бо сад орзую умед ба камол расонда, дар дилаш меҳнатдӯстиву рафоқат парвариш намудаанд...
Падараш хизматчии давлатӣ Гадоӣ Восиев шахси донишманд буд. Ӯ дар вазифаҳои раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе кор кардааст. Фарзанди яккаву ягонаи хонадон Мастонаи нозанинро ҳамчун гуле дар рухи моҳтоб парвариш карда, ҳамеша ба илмомӯзиву меҳнатдӯстӣ талқин менамуд. Аммо, сад афсус, ки самараи...










