Бонуи ҳайкалтарош
1-уми ноябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд, дар саҳни бинои «Кохи матбуот» бо иштироки аҳли адаб парда аз рӯйи нимпайкараи нависандаи ҷанговар Ҳаким Карим (1905-1942) бардошта шуд. Банда ҳам дар ин маросим ҳузур доштам. Вақте эълон карданд, ки ин нимпайкараро як бонуи ҳунарманд офаридааст, ҳайратзада шудам...
Эътирофи устодон
Ба нимпайкараи Ҳаким Карим аксари аҳли адабу фарҳанги кишвар, аз ҷумла, профессор Абдунабӣ Сатторзода, шоирони халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ва Аҳмадҷони Раҳматзод, Нависандаи халқии Тоҷикистон Маъруф Бобоҷон, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Аюб Ислом, профессори Донишгоҳи Самарқанд Ҷумъа Ҳамроҳ, устодони Донишгоҳи Фарғона Фарҳод Исомиддинову Масъуди Мирзо ва дигарон баҳои баланд дода, дасти офарандаи он бону Мунир...

