Хабарҳо

ИДИ САДА ДАР СУҒД. Як зумра кишоварзони вилоят барои дастоварҳои назаррас дар соҳа ҳавасманд гардонида шуданд
АСОСӢ, Хабарҳо

ИДИ САДА ДАР СУҒД. Як зумра кишоварзони вилоят барои дастоварҳои назаррас дар соҳа ҳавасманд гардонида шуданд

Дар вилояти Суғд иди Сада таҷлил шуда, ярмарка-фурӯши ниҳол, дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ, кӯчату тухмии гулу зироат ва дигар маҳсулот баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.Дар ҷашнгоҳ аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин Сарраёсати кишоварзӣ, Сарраёсати ҳифзи муҳти зист, Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, Иттифоқи ҷамъиятҳои «Тоҷикматлубот» ва дигар ташкилоту идораҳо маҳсулоти нонию қаннодӣ, таомҳои миллӣ, маҳсули дасти ҳунармандон, кандакорону оҳангарон, сӯзанидӯзону тарроҳон ба намоиш гузошта шуд.Раиси вилояти Суғд бо хаймаҳои идона шинос шуда, иштирокдорони ҳамоиш ва сокинони вилоятро ба муносибати фарорасии ҷашни суннатии мардуми тоҷик — Cада, ки таърихи хеле куҳан дошта, имрӯзҳо бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳо...
Соли 2024 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор мегарданд
АСОСӢ, Хабарҳо

Соли 2024 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор мегарданд

Соли 2024 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон гузаронида мешаванд. Инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма муовини якуми Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Обид Назариён иттилоъ дод.Ҳамзамон гуфта шуд, ки соли 2024 Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом», Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон –Ватани азизи ман», барномаҳои фарҳангии «Шоми дӯстӣ» дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафари Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслиҳати Туркманистон Гурбагули Бердимуҳаммедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.Бояд тазаккур дод, ки соли ...
«ШОҲНОМА» ТАҲИЯ ВА НАШР МЕШАВАД. Доир ба он дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Хабарҳо

«ШОҲНОМА» ТАҲИЯ ВА НАШР МЕШАВАД. Доир ба он дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ҷаласаи корӣ баргузор шуд

Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ бо иштироки Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ҷиҳати таҳия ва нашри мукаммали «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ҷаласа баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин институт хабар медиҳад.Президенти Академияи миллии илмҳо бо раванди таҳияи матни мукаммали «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ шинос шуда, дар заминаи таҳияву такмили босифати матни «Шоҳнома» тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавсия ва пешниҳодҳои мушаххас манзур намуд.Қобилҷон Хушвахтзода омодагии Раёсати Академияро ҷиҳати фароҳам сохтани шароиту имконоти зарурӣ дар раванди таҳияи матни «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва мусоидат ба суръат бахшидан барои таҳияи ин шоҳасари миллӣ ба гурӯҳи корӣ баён дошт.Дар ҷаласа директори Ин...
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардиданд
Хабарҳо

Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардиданд

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як либоси варзишӣ (футболка) бо нақшу нигори миллӣ, парчами давлатӣ ва навиштаҷоти «Эмомалӣ Раҳмон», инчунин як тӯб бо соядасти футболбозон ва рамзи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон туҳфа гардид.Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод, туҳфаҳои нодир дар асоси дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.Туҳфаҳо дар толори «Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» дар гӯшаи алоҳ...
Мурат Нуртлеу бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуд
АСОСӢ, Хабарҳо

Мурат Нуртлеу бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуд

Муовини Сарвазир- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик шинос шуд.Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод.Мурат Нуртлеу ва ҳайати ҳамроҳонаш тавассути сайри осорхонавӣ бо табиати биҳиштосо, таъриху фарҳанги пурғановат, расму ойин ва ҳунарҳои миллии халқи тоҷик аз наздик шинос гардиданд.Баъди сайри осорхонавӣ муовини Сарвазир-Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу ҳамчун анъана дар китоби таассуроти «меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ андешаҳояшро дарҷ намуд. ...
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Академияи миллии илмҳо оид ба ин озмун ҷаласа баргузор шуд
АСОСӢ, Илм-фурӯғи маърифат, Озмунҳо, Хабарҳо

«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Академияи миллии илмҳо оид ба ин озмун ҷаласа баргузор шуд

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати корӣ оид ба баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода таассуроташро аз маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорон иброз дошта, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани озмун ва ҷалби тамоми кормандони Академияи миллии илмҳо ва зерсохторҳои он дастурҳои мушаххас дод.Иброз гардид, ки баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тибқи салоҳдиди Президенти Тоҷикистон ба зиммаи Академияи миллии илмҳо гузошта шудааст. Ҳайати кориро зарур аст, ки дар якҷоягӣ баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни мазкур кӯшиш ба харҷ диҳад.Бояд гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маър...
 Намояндагии доимии Тоҷикистон дар (ЮНЕСКО) кушода мешавад.  
АСОСӢ, Фармонҳо, Хабарҳо

 Намояндагии доимии Тоҷикистон дар (ЮНЕСКО) кушода мешавад.  

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи кушодани Намояндагии доимииҶумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳидоид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО)     Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:1. Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) кушода шавад.2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтор ва басти вазифавии Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг(ЮНЕСКО) - ро тасдиқ намояд. ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Ра...
«Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» мавриди баррасӣ қарор гирифт
Хабарҳо

«Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» мавриди баррасӣ қарор гирифт

Бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд. Дар он иҷрои «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.Иброз гардид, ки мақсад аз қабули «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» ба танзим даровардани масоили ҳифз ва истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ, муайян намудани мақоми ҳуқуқии ҳар ёдгорӣ, андешидани тадбирҳои таъхирнопазир ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқии онҳо, дарёфти роҳҳои истифодаи дуруст ва самараноки ҳар иншооти таърихӣ, ташвиқу тарғиб ва ворид намудани онҳо...
ИҚДОМ: «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба тамоми мардуми Тоҷикистон дастрас мегардад
Хабарҳо

ИҚДОМ: «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба тамоми мардуми Тоҷикистон дастрас мегардад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».Пешвои миллат таъкид намуданд, ки бо ташаббуси академик Бобоҷон Ғафуров соли 1971 «Шоҳнома» дар 2 ҷилд ба забони русӣ ва 9 ҷилд ба хати ниёгон дар «Силсилаи мероси хаттии Шарқ» ба табъ расид.Ҳамзамон изҳор доштанд, ки бо ташаббуси Бобоҷон Ғафуров солҳои 1963 – 1965 бори аввал асари илмии «Таърихи халқи тоҷик» дар се ҷилду панҷ китоб омода ва нашр гардид, ки дар ҳаёти илмиву фарҳангии мамлакати мо рӯйдоди бесобиқа буд.Ҳамз...
Баррасии масъалаҳои муҳим дар шурои миллии таҳсилот
Хабарҳо

Баррасии масъалаҳои муҳим дар шурои миллии таҳсилот

29 ноябри соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоикистон Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илм бо иштироки сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои зертобеи Вазорат, роҳбарони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барномаву китобҳои дарсии Шуро, муаллифону мураттибони адабиёти таълимии барои баррасӣ пешниҳодшуда баргузор гардид.Дар ҷаласаи навбатии Шуро масъалаҳои тавсияи адабиёти таълмии барои баррасӣ пешниҳодгардида, консепсияи китобҳои дарсии фанни забони русӣ барои синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони тоҷикӣ, вазъи таълиму тарбия ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе, «Нақшаи дурнамои чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои ...