Хабарҳо

Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаи фарҳанг дар соли 2024
АСОСӢ, Хабарҳо

Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаи фарҳанг дар соли 2024

Имрӯз, 10-уми апрел дар Коллеҷи санъати ш.Душанбе бо иштироки роҳбарияти Вазорати фарҳанг, кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони зерсохторҳо ҷаласаи Ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид, ки дар он ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаи фарҳанг дар соли 2024, арзёбии фаъолият дар семоҳаи соли 2025 ва вазифагузориҳо барои нимсолаи соли 2025 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг
Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ -«Парасту»-ро баргузор мегардад
АСОСӢ, Хабарҳо

Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ -«Парасту»-ро баргузор мегардад

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди драматургия ва санъати театри миллӣ, эҷод ва пешниҳоди асарҳои баландғояи ватанӣ, такмили маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон аз 14 то 21 апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе, бахшида ба 35 –умин солагарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ -«Парасту»-ро баргузор менамояд. Мавриди зикр аст, ки Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба бо иштироки театрҳои касбии кишвар доир мегардад. Расми кушоди Фестивал-озмун 14 апрели соли 2025, соати 17 - 30 ва ҷамъбасти он 21 апрели соли 2025, соати 17 – 30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар назар аст. Дар Фестивал – озмун 18 театри касби...
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон
АСОСӢ, Хабарҳо

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон

Дар доираи тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд имрӯз (29-уми март) мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо ҳамтои худ-Вазири фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон - Мамбеталиев Мирбек Кемелович доир гардид. Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманду фарҳангии ду кишвари дӯсту ҳамсоя -Тоҷикистону Қирғизистон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда беш аз пеш тавсеа меёбанд. Инчунин, вобаста ба баргузории фестивалу форумҳои фарҳангӣ, чорабиниҳои муштарак ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон мубодилаи афкор сурат гирифт. Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон...
Олиҳаи зиндагӣ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Хабарҳо

Олиҳаи зиндагӣ

Модар вожаест дилнишину беинтиҳо, азаматест нотамом, дарёест бекарон, зеботарин ва боарзиштарин ҳадяи осмонист. Азизтарин сарват, беҳтарин ормон, ситораи дурахшонест, ки ҷаҳонро нуру зиё мебахшад. Модар арзандатарин ҳастии ҳаёт, фариштаи заминӣ, равшандиҳандаи ҳар як хонадон, беҳтарин пушту паноҳ, қуввату мадори дилҳои нотавон аст. Хуршед ниҳам номи туро ё ки ҷаҳонтоб, Модар, зи бузургӣ сару пойи ту нигин аст, Бар гуш расад аз ту садои хушам он рӯз, Эй хуш бувад он рӯз садоят ба танин аст. Олами ҳастӣ бе шакк аз меҳру муҳаббати модар ҳаваси гардишро бар худ раво донистааст. Ишқи самимӣ, меҳри амиқ, муҳаббати асили модар ба фарзанд бузургии ӯро собит месозад. Зан–Модар тараннумгари садоқат ба Ватан, вафодорию дилбастагӣ ба ҳисоб меравад, ки шоирону адибони ҷаҳонӣ, ба хусус...
Занон дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Хабарҳо

Занон дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ роҳ ба самти рушди давлати демократии ҳуқуқбунёд пеша намуд, ки асосҳои он ба таври васеъ дар қонунгузории кишвар инъикос гардидаанд. Дар ин самт мубрамияти хос ва ҷиддиро падидаи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, бахусус, масоили ҳуқуқ ва озодиҳои занон, ҳамчунин, ҳифзи онҳо бо назардошти махсусияти равонӣ, физиологӣ ва маънавӣ ҳамчун яке аз усулҳои муайянсозандаи давлати ҳуқуқбунёд ишғол намуд. "Ҷомеае, ки ба Зан–Модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба Зан–Модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад". Эмомалӣ Раҳмон Набояд фаромӯш сохт, ки солҳои аввали баъди истиқлоли давлатӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон солҳои вазнину ба...
Пешвои миллат  ва ҳалли масъалаҳои глобалӢ
АСОСӢ, ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Хабарҳо

Пешвои миллат ва ҳалли масъалаҳои глобалӢ

Дар замони муосир инсон ба худ андеша мекунад, ки дар баробари ин қадар таҳдиду хатарҳо ояндаи ӯ чӣ мешуда бошад? Ба таҳдиду хатарҳои замони муосир ё раванди терроризму экстремизм, хариду фуруши одам, маводди мухаддир, гардиши силоҳ, проблемаҳои экологӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардаанд. Яке аз мушкилоти муҳимми замони муосир проб­лемаи экологӣ аст, зеро заҳролудшавии гази оксиген, нест шудани ҳайвонот ва набототи нодир, сӯрохшавии пардаи озон ва таъсири нурҳои зараррасони офтоб ба инсон, ифлосшавии баҳрҳо ва нестшавии пиряхҳо масъалаи муҳиме дар ҳаёти инсон ба ҳисоб меравад. Обшавии пиряхҳо як падидаи табиист. Пиряхҳо захираи об мебошанд. Дар сурате, ки оби ширин дар шакли ях аз ҳолати сахт ба ҳолати моеъ табдил меёбад, захираҳо тамом мешаванд. Вал...
ТАБРИКОТИ ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАТЛУБАХОН САТТОРИЁН БА АҲЛИ ФАРҲАНГУ ҲУНАРИ ТОҶИКИСТОН  БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА «РӮЗИ ФАРҲАНГ»
АСОСӢ, Дохилӣ, Хабарҳо

ТАБРИКОТИ ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАТЛУБАХОН САТТОРИЁН БА АҲЛИ ФАРҲАНГУ ҲУНАРИ ТОҶИКИСТОН БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА «РӮЗИ ФАРҲАНГ»

Тоҷикистон, Ватани Наврӯз аст! Наврӯзи фархундапай ва ҷаҳонафрӯзро, ки ҷашни ниёгони мо, рамзи муҳаббату зебоӣ, сафову покӣ, саховату накукорист ва бо паёмҳои нек ва қадамҳои хуҷаста фаро мерасад ба Шумо аҳли эҷод ва ҳунар аз номи ҳайати мушовараи Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона ва бо камоли эҳтиром табрик менамоям. Ин ҷашни бузурги миллӣ, ки ба шарофати заҳматҳои Пешво ва Раҳнамои миллат, дубора эҳё гардид, ҳамасола дар саросари ҷаҳон, бахусус дар Тоҷикистони азиз, ки Ватани воқеии Наврӯз аст бо истиқболи густурда ва шукӯҳи тоза таҷлил мегардад.  Наврӯз намоди таҷдиди ҳаёт, рамзи аввалин рӯзи офариниш, уммед, ҳамгироӣ ва ҳамбастагии ҷомеаи башар буда, ёдгори фарҳанги ғановатманду тамаддуни деринаи марзу буми мост, ки ба тамаддуни ҷаҳон фалсафаи ҳаёт ва ҳастиро эҳдо на...
Мулоқоти саодатбахш
ЖУРНАЛ, Мақолаҳо, Хабарҳо

Мулоқоти саодатбахш

Зан -Модар рамзи оғози зиндагӣ, намунаи зебоиву меҳрубонӣ ва хуррамиву шукуфоии ҳаёти башар, яъне фарзандоне мебошад, ки онҳоро ба дунё овардааст. Мулоқоти идонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бонувони фаъоли кишвар ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи хеле олӣ баргузор гардид. Дар оғози баҳор таҷлил гардидани ҷашни модарон рамзи басо неки ба ҳам омадани ду неруи бузурги зиндагиофар ва ҳастисоз – модар ва табиат мебошад. Пешвои миллат тамоми бонувони кишварро ба ифтихори ин ҷашни фархунда самимона табрик намуда, баён доштанд, ки “Бо шукуҳу шаҳомат ва бо камоли қадршиносӣ таҷлил намудани ин ҷашни фархунда эъти...