Занон дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ роҳ ба самти рушди давлати демократии ҳуқуқбунёд пеша намуд, ки асосҳои он ба таври васеъ дар қонунгузории кишвар инъикос гардидаанд. Дар ин самт мубрамияти хос ва ҷиддиро падидаи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, бахусус, масоили ҳуқуқ ва озодиҳои занон, ҳамчунин, ҳифзи онҳо бо назардошти махсусияти равонӣ, физиологӣ ва маънавӣ ҳамчун яке аз усулҳои муайянсозандаи давлати ҳуқуқбунёд ишғол намуд.
"Ҷомеае, ки ба Зан–Модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба Зан–Модар – сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад".
Эмомалӣ Раҳмон
Набояд фаромӯш сохт, ки солҳои аввали баъди истиқлоли давлатӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон солҳои вазнину ба...









