Муҷассамаи Шамсиддин Шоҳин дар маркази ноҳия
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз рӯи муҷассамаи шоир ва мутафаккири тоҷик Шамсиддин Шоҳин пардабардорӣ намуданд. Иншооти мазкур дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд сохта шудааст.
...










