Мардуми мо бо шеър нафас мекашад
Фарзонаи Хуҷандӣ – яке аз маъруфтарин шоири муосири тоҷик 60-сола шуд. Ба ин муносибат рӯзноманигор Одил Нозир бо эшон суҳбате анҷом дод, ки ҷавҳари онро пешниҳоди шумо – хонандаи маҷаллаи “Фирӯза” менамоем.
– Аз кадом вақт дарк кардед, ки шеър роҳи баён кардани ормонҳоятон аст? Яъне, чӣ тавр ба гуфтани шеър оғоз кардед?
– Аз рӯзгори кӯдакӣ ба сухани мавзун муҳаббат доштам ва худам ҳам ҳуруфе чанд пайи ҳам мечидам. Оҳиста-оҳиста ин навиштаҳо инсонҳои пазиранда ёфтанд.
– Вақте ашъори Шуморо аз даврони ҷавонӣ то имрӯз мехонем, гардишҳоеро дар эҷодиётатон мушоҳида мекунем. Чӣ омилҳо ба эҷодиёти шумо таъсиргузор буданд?
– Як муддати том, зери таъсири ҳуруфи офтобии устод Лоиқ будам ва ҳанӯз ҳам аз он таъсир ва таассуроти рӯшану мунавваркунанда берун наомадаам. Як муддати дигар...










