Озмунҳо

АМРИ  ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Озмунҳо, Озмунҳои ҷумҳуриявӣ, Президент

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Дар соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3). 3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд. 4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ғолибони Озмун ва омӯзгоронеро, к...
НИЗОМНОМАИ Озмуни ҷумҳуриявии “Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025”
АСОСӢ, Дастовардҳои соҳа, Озмунҳо, Хабарҳо

НИЗОМНОМАИ Озмуни ҷумҳуриявии “Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025”

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ 1.1. Озмуни ҷумҳуриявии “Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025” (минбаъд Озмун) бо мақсади таҳлили вазъи рӯзномаву маҷаллаҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чопшаванда, интишори мавод ва тақвият бахшидан ба фаъолияти минбаъдаи онҳо, ҷиҳати иҷрои банди 15 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ташкил карда мешавад. 1.2. Ташкилкунанда ва масъули баргузории Озмун Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (минбаъд - Ташкилкунанда). 1.3. Озмун тавассути васоити ахбори омма эълон, тарғиб ва инъикос мегардад. 2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ОЗМУН 2.1. Мақсад аз баргузории озмун рушди соҳаи табъу нашри кишвар, дастгирии кормандони васоити чопии ахбори омма, ҳавасманд намудани рӯз...
ДИҚҚАТ! ОЗМУН!
АСОСӢ, Дохилӣ, Матбуот, Озмунҳо, Хабарҳо

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи табъу нашри кишвар, дастгирии кормандони васоити чопии ахбори омма ва ҳавасманд намудани рўзноманигорон “Озмуни ҷумҳуриявии рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин” – ро эълон менамояд. Довталабон метавонанд, аз рўзнома ё маҷаллаи давлатию мустақили солҳои 2024 - 2025 дар ҷумҳурӣ нашршуда, ба тариқи интихобӣ (аз маҷалла 5 шумора 1 нусхагӣ, аз рўзнома 10 шумора 1 нусхагӣ) бо ариза ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Ғолибон дар се номинатсия (ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ/шаҳриву ноҳиявӣ, соҳавӣ) бо ҷойҳои I, II, III ва мукофоти пулӣ (3000, 2000 ва 1000 сомонӣ) қадрдонӣ мегарданд. Муҳлати ниҳоии қабули дархостҳо 1 декабри соли 2025. ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 34, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Маълумоти муф...
Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон
АСОСӢ, Озмунҳо, Хабарҳо

Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми феврали соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии драмнависонро эълон мекунад. Қабули асарҳо то 1 сентябри соли 2025 сурат мегирад. Мақсад ва вазифаҳои озмун 1. Озмун бахшида ба таҷлили 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон мегардад. 2. Озмун бо мақсади рушди драматургияи миллӣ , тарғиби дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ , ваҳдату ягонагӣ , сулҳу субот, ватандӯстӣ , созандагиву ободонӣ , анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ , муқовимат бо коррупсия, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ ва пурра гардидани репертуари театрҳои касбии мамлакат гузаронида мешавад. 3. Озмун ба тарғиби драматургия ва санъати театрӣ , бою...
Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2025
АСОСӢ, Озмунҳо, Озмунҳои ҷумҳуриявӣ, Президент, Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст

Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2025

Яке аз иқдомҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имкон дод, ки ҳазорон нафар наврасону ҷавонон ва кормандони касбу кори гуногун ашъор ва эҷодиёту таълифоти шоирону нависандагони ватанию хориҷиро мутолиа карда, ҷаҳони маънавии худро боз ҳам ғанӣ гардонанд. Соли 2025 низ бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавӣ, бо ташаббуси бевосита, ҳамчунин таҳти таваҷҷуҳ ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - ...
Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2025
АСОСӢ, Илм-фурӯғи маърифат, Озмунҳо, Озмунҳои ҷумҳуриявӣ, Президент

Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2025

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти назорат ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, он бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияҳо, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо гузаронида мешавад. Баргузории озмуни мазкур тайи солҳои 2021-2024 нишон дод, ки миёни ҷавонону наврасони кишвар таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бамаротиб зиёд гардида, замина барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси муҳандисию те...
МАРОСИМИ ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”
АСОСӢ, Мақолаҳо, Озмунҳо, Озмунҳои ҷумҳуриявӣ, Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст, Хабарҳо

МАРОСИМИ ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

23-юми ноябри соли 2024 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, ташкилоту созмонҳои эҷодӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд, муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиёни озмун, волидайни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.Нахуст, раиси комиссияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷу...
Дар Бадахшон 80 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
АСОСӢ, Озмунҳо

Дар Бадахшон 80 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд

Июнь 29, 2024 17:00 Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид, ки дар он 80 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот изҳор дошт, ки соли шашум аст, ки дар ҷумҳурӣ бо иқдоми наҷибона ва сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар озмунҳои маърифатию зеҳнӣ, озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» доир гардида истодааст.Гуфта шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ба хотири ташаккул ва боло бурдани завқи этикию эстетикии сокинон, тақвияти маҳорату малакаи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару эҷодк...
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
Озмунҳои ҷумҳуриявӣ, Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ байни хонандагони литсеи назди донишгоҳ ва донишҷӯёну омӯзгорон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар доданд, озмун аз аз рӯи номинатсияҳои адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назм гузаронида шуд. Ғолибон аз тарафи раёсати донишгоҳ қадрдонӣ шуда, барои иштирок ба даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷалб мешаванд. Бояд гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару с...
АСОСӢ, Озмунҳо, Хабарҳо

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд

Дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон: Сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ - фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ. Талаботи тахассусӣ барои довталабон: таҳсилоти олии касбӣ, гуманитарӣ; 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъотияти Вазорати фарҳанг;-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва имлои забони тоҷикӣ;-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;-донистани на кам аз як забони хориҷӣ;-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии...