Гавҳораи муҳаббат

«Дар олам нафаре нест, ки падару модарашро дӯст надорад, вале зиёданд онҳое, ки имкон надоранд бигӯянд: «Модарҷон ё падарҷон, дӯстатон медорам!» Банда дар ҳамин андеша будам, азм доштам, дар бораи волидайнам роман нависам, вале рӯзе дар боғи марказии Бишкек қадам мезадаму ба худ андешидам, ки чаро ба дигарон имкон надиҳем, ки дар бораи падару модарашон нависанд. Ҳамин тавр, маҷмуаи «Гаҳвораи муҳаббат» пайдо шуд…»

Ин суханонро нависандани тоҷики муқими Қирғизистон Шоистаи Равшан рӯзи 12 май дар толори «Русское прос­транство»-и Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия зимни рӯнамоии китоби «Гаҳвораи муҳаббат» – «Колыбель любви» ироа кард.

«Гаҳвораи муҳаббат» маҷмуаи мақолаву ёддошт дар бораи волидайн аст. «Ин маҷмӯа, маҷмуаи муҳаббат аст. Муҳаббат ба волидайн. Мо дар зиндагӣ на ҳамеша ба падару модар изҳори муҳаббат ва миннатдорӣ баён мекунем, бинобар ин, лоиҳаи мо имкон фароҳам овард, ки эҷодкорони тоҷик, узбек, рус, қирғиз, қазоқ ва дигар кишварҳо муҳаббаташонро ба волидайнашон изҳор намоянд», – гуфт Шоистаи Равшан.

Маҷмуае, ки рӯнамоӣ шуд, ҷилди дуюми ин китоб аст. Ҷилди аввали он чанд сол қабл нашр ва рӯнамоӣ шуда буд. Дар умум, дар ду ҷилди «Гаҳвораи муҳаббат» намунаи назму насри беш аз 100 нафар ба нашр расидааст. Дар ҷилди дуюми ин китоб хотироти Манзура Улҷабоева (духтари Котиби аввали Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Турсун Улҷабоев), Лола Додхудоева (фарзанди сиёсатмадор Назаршо Додхудоев), Зулфия Миршакар (фарзанди шоир Мирсаид Миршакар), Саидбурҳон Икромӣ (набераи шоир Туғрал), Нажод Маҳмудӣ (фарзанди мудири маориф ва нависанда Вадуд Маҳмудӣ), Саноат Азизова (фарзанди нависанда Мусаввара Азизӣ ва набераи нависанда Баҳриддин Азизӣ), Парвона Аҳрорӣ (фарзанди Зоҳир Аҳрорӣ) ва дигар адибону рӯзноманигорон, аз қабили Лидия Исамова, Маҳмадулло Табарӣ, Мирзошо Ватаншоев, Марҳабо Зунунова, Хуршеда Ҳамроқулова дар бораи волидайнашон ба нашр расидааст.

«Ин китоб талқин мекунад, ки ба қадри волидайнамон бирасем ва ба онҳо арҷ гузорем», – мегӯяд Шоистаи Равшан.

Нависанда мегӯяд, ки ҷилди сеюми ин китоб ҳам омодаи чоп аст ва ба қарибӣ ба дасти хонандагон хоҳад расид.

Ёдовар мешавем, ки Шоистаи Равшан нависандаи тоҷики муқими Қирғизистон аст ва дар макотиби олии ин кишвар дарс мегӯяд. Ӯ чанд соли охир аз сабаби сардии муносибат миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ва баста шудани роҳҳо натавониста буд, ки ба Тоҷикистон ояд.

«Бисёр хуб шуд, ки сарони кишварҳо ба тавофуқ расиданд ва роҳҳо боз шуд. Аз ин ба баъд, имкон ҳаст, ки мисли замони собиқ бидуни мушкилӣ равуо кунем. Ман Душанберо ёд карда будам, зеро пайвандонам дар ин шаҳр зиндагӣ мекунанд», — мегӯяд нависанда.

Шоистаи Равшан зодаи ноҳияи Қашқадарёи Ҷумҳурии Узбекистон аст. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм карда, як муддат дар Душанбе кору зиндагӣ мекард. Беш аз 20 сол аст, ки дар Қирғизистон зиндагӣ мекунад ва дар донишгоҳҳои ин кишвар аз фалсафаву равоншиносӣ дарс мегӯяд. Узви Иттифоқи нависандагони Қирғизистон, Аълочии фарҳанги Қирғизистон ва раҳбари гурӯҳи эҷодии «Аржанг» мебошад. Муаллифи беш аз 60 асари илмиву адабӣ аст. Китобҳояш «Оғози беанҷом», «Одамушшуаро Рӯдакӣ», «Дона-дона марворид» ва ғайра ба дасти хонандагон расидаанд. Ӯ мураттиби маҷмуаи назму насри «Мозайка» мебошад, ки то имрӯз ҷилди он ба табъ расида, намунаи осори беш аз 200 шоиру нависандаро дарбар гирифтааст.

Шоистаи Равшан мегӯяд, ки ба Тоҷикистон бо паёми нек омадааст:

«Ман паём овардам, паёми дӯстӣ. Тавре устод Мирзо Турсунзода гуфаанд: «Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт». Ҳамин аст, ки банда ба Душанбе на фақат барои дидорбинӣ бо пайвандону дӯстон, балки бо шаби эҷодӣ ва китоби навам омадам. Адабиёт қосиди дӯстист. Умедворам, дӯстии Тоҷикистон ва Қирғизистон поянда хоҳад буд!».

О. Соҳибов

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *