
Рӯзи матбуоти тоҷик барои ҳар як рӯзноманигор, аҳли қалам ва корманди соҳаи ит- тилоот на танҳо ҷашн, балки фурсати андеша, бознигарӣ ва худшиносӣ мебошад. Имсол Рӯзи матбуоти тоҷик дар фазои хоса ва марҳалаи муҳимми таърихӣ, — дар арафаи таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ҷашн гирифта мешавад.
Сию панҷ сол қабл халқи тоҷик бо эъломи Истиқ- лол ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона башорат дод. Дар ин раванд, матбуот ва умуман, воситаҳои ахбори омма нақши калидӣ бозида, ҳамчун омили муҳимми ташаккули афкори ҷомеа ва таҳкими арзишҳои миллӣ хизмат карданд.
Дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд матбуот яке аз абзорҳои асосии таъсиррасон ба афкори умум мебо- шад. Озодии сухан, дастрасӣ ба иттилоот ва фаъоли- яти озоди расонаҳо кафолати рушди устувори ҷомеа маҳсуб меёбад. Моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори оммаро кафолат медиҳад, ки ин нишонаи равшани сиёсати давлат дар самти таъ- мини фазои боз ва созандаи иттилоотист.
Имрӯз дар Тоҷикистон барои рушди ВАО зами- наи устувори ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шудааст. Фаъолияти расонаҳо тибқи як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ» ва дигар санадҳо танзим мегардад. Ин заминаи ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки матбуот рисолати худро озодона, масъулона ва касбӣ иҷро намояд.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, №97 “Дар бораи Тартиби баҳи- собгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ” дар 3 соли охир 192 рӯзнома, аз инҳо 131 номгӯй давлатӣ ва 61 номгӯй мустақил, 184 маҷалла, аз инҳо 151-то давлатӣ ва 33-то мустақил, 97-то матбаа, аз инҳо 23-то давлатӣ, 74-то мустақил, 6 агентии иттиллоотӣ, аз ин 1 давлатӣ ва 5 мустақил дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳу- рии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта шудааст.
Ин нишондиҳандаҳо аз рушди назарраси низоми матбуоти миллӣ шаҳодат медиҳанд.
Маҳз, дар шароити Истиқлоли давлатӣ ва бо ташки- ли муҳити мусоиди ҳуқуқӣ низоми матбуоти тоҷик аз ҷиҳати шакл, муҳтаво ва таъинот ба сатҳи сифатан нав баромад. Имрӯз матбуоти миллӣ на танҳо иттилоъра- сон, балки минбари муҳимми таҳлил, андеша, баҳс ва пешниҳодҳои созанда гардидааст.
Дар баробари ин, рушди босуръати телекоммуни- катсия ва технологияҳои рақамӣ имкониятҳои навро барои паҳнсозии иттилоот фароҳам овард. Ин раванд, ҳамзамон, масъулияти журналистонро бештар наму- да, талаб мекунад, ки онҳо бо риояи меъёрҳои ахлоқӣ, касбӣ ва миллӣ фаъолият намоянд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи амнияти итти- лоотӣ аҳаммияти махсус касб мекунад. Таҳоҷуми фарҳангӣ, паҳнсозии афкори бегона, таблиғи экстре- мизм ва ифротгароӣ аз ҷумлаи таҳдидҳои ҷиддӣ ба шумор мераванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матбуотро ҳамчун «сипари давлат» арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки расонаҳо бояд дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими субот ва боло бурдани эътимоди мардум нақши фаъол дошта бошанд.
Мо итминон дорем, ки аҳли қалами тоҷик дар оянда низ бо масъулияти баланд, садоқат ба касб ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ фаъолият намуда, махсусан, дар солҳои рушди созандагӣ ва худшиносии миллӣ ва дар остонаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар самти тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлол, таҳкими худшиносии миллӣ, боло бурдани ифтихори ватандорӣ ва муаррифии симои воқеии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ саҳми боз ҳам бештару муассиртар мегузоранд.
Рӯзи матбуоти тоҷик муборак бод!
Сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
