МАРОСИМИ ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

23-юми ноябри соли 2024 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, ташкилоту созмонҳои эҷодӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд, муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиёни озмун, волидайни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.Нахуст, раиси комиссияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони кишвар соли шашум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.Имсол озмуни мазкур аз рӯйи 6 номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср миёни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.Натиҷаи ҷамъбасти ниҳоӣ нишон дод, ки иштирокчиёни озмун аз шаҳри Душанбе соҳиби 43ҷой, вилояти Хатлон 35 ҷой, вилояти Суғд 29ҷой, ВМКБ соҳиби 13ҷой ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 10ҷой гардиданд.Ба ғолибони ҷойи аввал маблағи 35000 сомонӣ, ҷойи дуюм 25000 ва ҷойи сеюм 20000 сомонӣ, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.Ҳамчунин, 21-уми ноябри соли ҷорӣ барои дарёфти “Шоҳҷоиза”-и Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз 21 нафар ғолиби ҷойҳои якум 15 нафар иштирок карда, донишу ҷаҳонибинии довталабон озмунӣ санҷида шуд. ар натиҷа, Ҳасанова Малика, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Кӯлоб сазовори Шоҳҷоиза дар номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, Мабатқадамова Шаина, хонандаи синфи 9-и Мактаби Президентӣ дар шаҳри Хоруғ сазовори Шоҳҷоиза дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик, Шарифзода Сабрина, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69-и ноҳияи Восеъ сазовори Шоҳҷоиза дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик ва Алимова Асилабону, хонандаи синфи 3-и Гимназияи №4-и шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоиза дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон гардиданд.Дар охир муовини Сарвазири мамлакат, раиси Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба Вазорати маориф ва илми кишвар, Кумитаи телевизион ва радио, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар вазорату кумитаҳо, инчунин, дар тайёр намудани довталабон ба роҳбаладон, омӯзгорону волидон ва барои шаффофу воқеъбинона баҳогузорӣ намудан ба ҳайати доварон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.Ёдовар мешавем, ки 22 ноябри соли ҷорӣ дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ маросими супоридани нишони «Маърифатпарвар» ба падару модарон, нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ба омӯзгорони ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», мукофотҳои пулӣ, ифтихорномаю сипосномаҳои Вазорати маориф ва илм ва Китобхонаи миллӣ ба иштирокчиёни даври чоруми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор гардиданд, баргузор гардид.Дар ин ҳамоиш 66 нафар волидоне, ки фарзандонашон дар озмун ғолиб гардидаанд, бо нишони “Маърифатпарвар” ва “Ифтихорнома”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон, инчунин, 66 нафар омӯзгорони онҳо бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонида шуданд. Дар баробари ин, 102 нафар иштирокчии фаъол ҳамчун иштирокчии ифтихорӣ, 20 нафар нафақахӯр ва 10 нафар ятимону маъюбон бо туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *