
Ҳамкориҳои фарҳангӣ бо дигар кишварҳо дар муаррифӣ ва густариши фарҳанги миллӣ нақши босазо мегузорад.Вобаста ба ин имрӯз, 3-юми декабр Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо Раҷеш Уике — Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд. Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманду фарҳангии ду кишвари дӯст -Тоҷикистону Ҳиндустон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда беш аз пеш тавсеа меёбанд.Инчунин, вобаста ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон (дар соли 2025) мубодилаи афкор сурат гирифт.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг
