Таҷлили 30-солагии таъсиси ҲХДТ

Санаи 11-уми декабр бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов бахшида ба таҷлили 30 – солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, Ширинбеков Садриддин – сардори шуъбаи таблиғоту ташвиқот ва иттилооти Дастгоҳи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Сипас аз ҷониби донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода барномаи фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *