Зану зиндагӣ

Зану зиндагӣ аз табори ҳаманд,

Зи як решаву баргу бори ҳаманд.

Ба рағми хазон парчамафшони ишқ,

Зану зиндагӣ зиндадори ҳаманд.

 Бале, воқеан ҳам зан оинаи поку беғубор, инъикоси симои зоҳирӣ ва ботинии ҳар халқу миллат ва давлат аст. Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Мо занони равшанфикр, бомаърифат, соҳибилм ва ҳамқадами замон бисёр дорем, занону бонувони бонангу номуси кишвар ҳамон рисолати хосу азалии худро ба ҷо оварда, бо фазлу ҳикмат ва бо меҳру муҳаббат моро аз ҳама эҳсосоти пок ва ҳаётбахшу офаридгор саршор мегардонанд».

Донишманди маъруф, доктори илмҳои педагогика, профессор, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, ноиби Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Каримова Ирина Холовна аз зумраи чунин бонувони равшанфикру бомаърифат ва соҳибмактаб ҳастанд.

Ирина Холовна як умр талош кардааст, ки бонувони болаёқатро ба соҳаи илму маориф ҷалб намояд. Чун раиси Шурои ҳимояи рисолаҳои илмии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон аст, пайваста бонувони муҳаққиқро дастгирӣ мекунад: «Вақте дар минбари ҳимоя зан меистад, бисёр хушҳол мешавам ва ошкоро мегӯям, ки занҳоро бештар дастгирӣ мекунам. Мақоми зан барои пешрафти ҷомеа муҳим аст. Занон бояд бештар хонанд. Бузурге фармуда, ки агар як писару як духтар дошта бошед ва маблағи шумо танҳо барои таҳсили як нафари онҳо кофӣ бошад, духтарро хононед, зеро тарбияи фарзанд дар дасти модар аст», – мегӯяд Ирина Холовна.

Ирина Каримова мегӯяд, ки дар тарбияи кӯдак нақши мардон низ муҳим аст. «Солҳои охир сафи омӯзгорони зан афзуд. Сабаб он аст, ки бештари мардон ба муҳоҷират рафтанд ва солҳои аввали истиқлоли кишвар музди маоши муаллимон кам буд. Вале набояд фақат кӯдакро зан тарбия кунад. Дар боғча зан, дар хона зан ва боз дар мактаб зан, ин барои тарбияи кӯдак таъсир мегузорад. Ба бачаҳо бештар хислатҳои занона мегузарад. Бинобар ин, бояд мувозинат бошад. Кӯдакро падару модар якҷоя тарбия кунанд. Дар мактаб ҳам омӯзгорони мард бояд бошанд», – мегӯяд Ирина Холовна.

Ирина Каримова нафарест, ки умри худро ба соҳаи маорифи кишвар бахшидааст. Ӯ фаъолияти кории худро ба сифати муаллимаи забон ва адабиёти рус дар мактаби миёна оғоз карда, то вазифаи директорӣ расидааст. Аз соли 1992 дар кафедраи педагогика ва психология ба сифати омӯзгор ба фаъолият оғоз карда, ба пажӯҳиш низ машғул шуда, рисолаи номзадиву докторӣ дифо мекунад. Аз соли 2005 муовини вазири маориф ва аз соли 2008 президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таъин гардид. Ба ин васила, дар рушди соҳаи маориф хизмат кардааст.

Академик Ирина Каримова олими пурмаҳсул буда, муаллифи ду китоби дарсӣ, 3 монография ва беш аз 100 мақолаи илмӣ мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ беш аз 20 нафар дар соҳаи педогогика рисолаи номзадиву докторӣ дифоъ кардаанд.

Тамоми сифатҳои неки инсонӣ дар симои ин зани нозанину фариштаху таҷассум ёфтааст. Ирина Холовна бо кордониаш, бо заковату маҳорату малакааш миёни аҳли ҷомеа мақому манзалати хосро дорост. Ӯ аз он меболад, ки тамоми қувваву неруи хешро баҳри тарбияи насли наврас ва тайёр намудани мутахассисони  соҳибтаҷриба ва баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати мактабу маориф сарф менамояд…

 

Ҷамолиддин Абдулов

номзади илмҳои педагогӣ,

ходими илмии Осорхонаи маорифи АТТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *