1-уми ноябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд, дар саҳни бинои «Кохи матбуот» бо иштироки аҳли адаб парда аз рӯйи нимпайкараи нависандаи ҷанговар Ҳаким Карим (1905-1942) бардошта шуд. Банда ҳам дар ин маросим ҳузур доштам. Вақте эълон карданд, ки ин нимпайкараро як бонуи ҳунарманд офаридааст, ҳайратзада шудам…
Эътирофи устодон
Ба нимпайкараи Ҳаким Карим аксари аҳли адабу фарҳанги кишвар, аз ҷумла, профессор Абдунабӣ Сатторзода, шоирони халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ва Аҳмадҷони Раҳматзод, Нависандаи халқии Тоҷикистон Маъруф Бобоҷон, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Аюб Ислом, профессори Донишгоҳи Самарқанд Ҷумъа Ҳамроҳ, устодони Донишгоҳи Фарғона Фарҳод Исомиддинову Масъуди Мирзо ва дигарон баҳои баланд дода, дасти офарандаи он бону Мунира Турсуноваро мефишурданд.
Воқеан, нимпайкараи новелланависи зиндаёди тоҷик Ҳаким Карим, ки дар майдони набард, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шаҳодат расид, бисёр зебову бовиқор офарида шудааст.
Кас бовар намекунад, ки симои ин адиби забардаст ва ҷавонмарди ватандӯстро бонуи ҷавони тоҷик тарошида бошад… Умуман, ҳайкалтарошӣ пешаи бисёр душвор ва кори мардона аст ва дар тасаввури кас намеғунҷад, ки як бону ба ин кор машғул шавад…
Пайроҳаи эҷод
Мунира Турсунова зодаи шаҳри Хуҷанд мебошад. Ихтисоси аввалаш иқтисодчӣ аст, вале дар ин соҳа ҳамагӣ ду моҳ фаъолият кардааст. Меҳри ҳунар ӯро ба Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хучанд овард, ӯ ин даргоҳи ҳунарро соли 2017 бо дипломи аъло хатм кардааст.
Мунира мегӯяд, ки пешаи ҳайкалтароширо худаш интихоб кардааст:
«Аз хурдӣ дар ҳар куҷо ҳайкале, ё нимпайкараеро медидам, аз наздик рафта, тамошо мекардам, онро ламс карда, ба худ суол медодам, ки инро чӣ гуна сохта бошанд? Ҳамин тавр, дар қалби ман меҳри ҳамин пеша пайдо шуд ва талош кардам, ки нозукиҳои онро омӯзам».
Табиист, ки муҷассамасозӣ пешаи бисёр душвор аст ва на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷаҳон низ ангуштшумор бонувон ба ин кор машғул мешаванд. Мунира низ мегӯяд, ки дар оғози роҳ душвориҳои зиёде пешорӯяш буданд, вале ӯ ноумед нашуд, балки бо азму иродаи қавӣ аз пайи эҷод шуд, то муваффақ гардад.
«Албатта, дар аввал ҳайкалтарошӣ бароям душвор буд. Вале ман пеши худ мақсад гузоштам, ки ба ҳама мушкилиҳо тобовар бошам. Ҳолатҳое мешуданд, ки дигар дари устохонаро кушодан намехостам, вале боз худро ба даст гирифта, аз пайи кор мешудам», -мегӯяд Мунира Турсунова.
Маҳз, азму иродаи қавӣ буд, ки Мунира Турсунова дар ҷодаи ҳайкалтарошӣ муваффақ шуд ва асарҳое офарид, ки имрӯз дар гӯшаву канори Тоҷикистон қомат афрохтаанд.
Орзуи оилаи солим
Ҳар касе имрӯзҳо ба шаҳри Хуҷанд меравад, дар маркази шаҳр, дар канори қаҳвахонаи «Адибон» муҷассамае диққати ӯро ҷалб мекунад, ки «Орзу» ном дорад. Бархе онро «Оила» ҳам унвон кардаанд.
Офарандаи ин муҷассама Мунира Турсунова онро чунин шарҳ медиҳад: «Духтараки ҷавон орзуи оилаи солим дорад. Дар пайкара симои духтараки ба балоғатрасида аён аст. Симои ҷавонписар ноаён мебошад. Духтарак фақат ҳамсари ояндаашро дар хаёл мепарварад. Дар байни ҳарду ниҳоли сабзе рустааст. Сабзидани ниҳол дар байни онҳо рамзи хушбахтӣ ва ҳосили зиндагии якҷояи онҳост».
Асари дигари Мунира Турсунова низ мазмуни иҷтимоӣ дорад. Муаллиф онро «Меҳнаткаш» унвон додааст, вале тамошобинон онро «Муҳоҷир» унвон кардаанд. Дар он пирамарде акс ёфтааст, ки ҷорӯб дар даст замин мерӯбад…
Саҳмгузорӣ дар Қалъаи Хуҷанд
Кори калонтарини Мунира Турсунова деворанигора (панно)-и 9-метрае аст, ки девори яке аз толорҳои Қалъаи Хуҷандро зеб медиҳад. Дар он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалқаи мардуми заҳматдӯсти тоҷик тасвир ёфтааст. Ҳамчунин, дар ин деворанигора намодҳое аз таърихи гузашта ифода ёфтаанд.
«Вақте бозсозии «Қалъаи Хуҷанд» оғоз шуд, ман ангораи ин деворанигораро тасвир ва нусхаи онро аз гач тарошида, ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нишон додам. Ғояи ман ба эшон писанд омад ва маро ҳамчун ҳайкалтарош ба кори таҷдиду бозсозии «Қалъаи Хуҷанд» даъват карданд», -мегӯяд Мунира Турсунова.
Мунира Турсунова, ҳамчунин, офарандаи муҷассамаи устоди ҳунар Акашариф Ҷӯраев аст, ки имрӯз дар ноҳияи Дарвоз гузошта шудааст. Ҳамчунин, нимпайкараи шоир ва маорифпарвари тоҷик Тошхӯҷаи Асирӣ низ маҳсули заҳмати ин бонуи ҳунар аст, ки айни замон, дар яке аз хиёбонҳои Хуҷанд гузошта шудааст.
Фалсафаи асарҳо
Мунира Турсунова дар тули фаъолияти эҷодиаш беш аз 50 асари калонҳаҷм дар санъати ҳайкалтарошӣ офаридааст. Дар коллексияи эҷодиёти Мунира асарҳое, ба монанди «Модар», «Шуълаи оташ», «Мазҳакачӣ», «Суфӣ», «Фаришта», «Пичиррос», «Муҳаббат» ва «Муҳоҷир» ҷойгоҳи хос доранд.
Устоди Мунира ҳайкалтароши шинохта Даврон Раҳматов ба корҳои шогирдаш чунин баҳо медиҳад: «Мунира пайрави равияи сюреалистӣ аст. Дар аввал асарҳои эҷодкардаи ӯро мебинеду як бардоште мекунед, баъди андешаи чуқур таассуроти тамоман дигаре мебардоред. Асарҳои вай ҷанбаи фалсафӣ доранд».
Мунира барои дастовардҳояш дар ҳунари муҷассамасозӣ бо ифтихорномаву сипоснома ва Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ сарфароз гардидааст.
Ҳар бону метавонад муваффақ шавад…
Мунира Турсунова бар он ақида аст, ки ин санъат ба мардонаву занона ҷудо намешавад. Ҳар касе, ки хоҳиш ва азму ирода дорад, дар ҳама соҳа муваффақ хоҳад шуд. Ӯ бо завқи баланду фаъолияти пурсамари хеш инро собит намудааст.
«Асарҳои ман дар чӯб, санг, филизҳои гуногун ва гач эҷод мешаванд. Аксаран, аз ман мепурсанд, ки барои ҷавонзан кор кардан бо чунин масолеҳи сахт душвор нест? Ба ин саволҳо чунин посух медиҳам:
Ҳар бону метавонад ҳайкалтарош бошад. Ин ҳунарест, ки бисёр андеша кардан ва таҳаммул варзиданро талаб мекунад. Чунин табиатро бештар занҳо дороянд».
Мунира Турсунова пайваста дар фикри эҷод аст. Нақшаҳои зиёде дорад, ки мехоҳад онҳоро амалӣ намояд. Мо ба ин бонуи ҳунарманд дар ин ҷода барору комёбӣ мехоҳем.
О. Нозир
