ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД

«Мо дар як замони на чандон тулонӣ тавонистем, ки аз тариқи Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузорӣ меъёрҳои бунёдии фаъолияти давлати демократӣасосҳои сохти давлатдории демократӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии он, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсӣ, таъсиси парламенти касбӣ, кафолати адолати судӣ ва баробар будани ҳамаро дар назди қонун, инчунин, озодии виҷдонро эълон ва таъмин намоем».

Эмомалӣ Раҳмон

Пас аз ба даст овардани Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро, ки дар он ҳуқуқҳои инсон мавқеи муҳимро ишғол менамоянд, пеша намуд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд зинаи муайянкунандаи рушди давлат ва ҷомеаи мустақили Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Дар ин марҳила, ҳуқуқи инсон дар назария ва консепсияҳои оид ба заруриати сохтмони давлати демократӣ, ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ инъикоси худро ёфт. Ҷустуҷӯйи роҳи беҳтарини эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон боиси коркарди ғояҳои давлати ҳуқуқӣ, демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардиданд. Консепсияҳои давлати демократӣ, шакли ҳуқуқии ташкили ҳокимияти давлатӣ, волоияти қонуни ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мафҳуми ҳуқуқи инсон робитаи ногусастанӣ доранд.

Давлати демократӣ бо падидаи дигари пешқадам, давлати ҳуқуқӣ дар иртибот аст. Шакли ҳуқуқии ташкили ҳокимияти давлатӣ таърифи анъанавии давлати ҳуқуқӣ маҳсуб мегардад. Агар бо тарзи дигар ифода намоем, пас давлати ҳуқуқӣ гуфта, давлатеро дар назар доранд, ки зимни фаъолияти худ, танҳо ба ҳуқуқ мутеъ буда, ҳадафи асосии худро боиси таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон қарор хаст.

Давлати ҳуқуқӣ ва принсипҳои онро таҳлил намуда, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки худи ин мафҳумро бе назардошти чунин принсипи марказӣ ба монанди, арзиши воло эътироф намудани ҳуқуқи инсон ва риояи он тасаввур намудан душвор аст. Бинобар ҳамин, дар инкишоф ва ташаккулёбии фаҳмиши давлати ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон онҳо аз якдигар чудонопазиранд.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шароити ривоҷи муносибатҳои хусусӣ, эътирофу кафолати моликияти хусусӣ, ташаккули фарди озоду дорои ҳуқуқҳои фитрӣ ташаккул меёбад.

Риояи меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонун, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин, зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат-мебошад.

Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 30-солагии рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи тоза мебахшад.

Заррина Шоназарова

ёрдамчии судяи Суди

конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *