Насаби миллӣ – ифтихори миллӣ

Ному номгузорӣ яке аз рукнҳои маънавию миллӣ дар ҳар ҷомеаву тоифаҳо ва халқияту миллатҳост, ки ин арзишу анъанаи миллӣ миёни мардуми мо худ як суннати фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад, чӣ аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ва чӣ аз мояи фарҳангиву ҳунари эшон муравваҷ гардидааст.

Хушбахтона, бо заҳматҳои мутахассисон ва фаъолияти таҳлиливу коршиносии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ оид ба номҳои миллии тоҷикӣ ва дастгирии Ҳукумати кишвар қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» (аз 27-уми июли соли 2016, №325) ба тасвиб расида буд, ки баъди бознигарӣ бо қарори ҲҶТ аз 2-юми марти соли 2023, № 83 Замимаи номҳои миллии тоҷикӣ ба фарзандон дар таҳрири нав тасдиқ гардидааст. Замимаи қарори мазкур 3652 номи хушоянду дилписанд ва пурмаънои тоҷикиро дар бар мегирад, ки аз ин шумора дар ин Феҳристи навтаҳрир 1514 номи духтаронаву 2138 номи писарона барои номгузории кӯдакони навзод тавсия дода мешавад.

Боиси хушнудист, баъди ба тасвиб расидани Қарори мазкур шаҳрвандон дар интихоби номи кӯдакон ба ғалат роҳ надода, тибқи Феҳристи мазкур ва талаботи Қарори мазкур, инчунин, бо пешниҳоди номҳои тозаэҷод ва тоҷикие, ки дар Феҳрист ворид нагардидаанд, дар мувофиқа бо Комиссияи номгузории назди Кумитаи забон ва истилоҳот номи хушояндеро интихоб менамоянд.

Боиси тазаккур аст, ки дар кишвари мо номи шахс ва тартиби сабти насаб, ном ва номи падар мутобиқи моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» амалӣ карда мешавад ва ин Қонун бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми январи соли 2025, №2117 дар таҳрири нав тасдиқ гардид.

Акнун мутобиқи муқаррароти моддаи болозикри Қонуни мазкур номи кӯдак дар вақти бақайдгирии давлатии таваллуд бе истифодаи пасванди -ов, -ова, -ев, -ева сабт карда мешавад. Насаби шахс тибқи анъанаҳои миллии тоҷикӣ метавонад аз ном ё насаби падар ё решаи онҳо, насаби модар ё решаи насаби ӯ, ном ё насаби бобо, номи падари бобо бо иловаи пасвандҳои насабсози –ӣ, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, -ниё, -фар, -пур, -духт ташаккул ёбад. Насаби шахс метавонад бе иловаи пасвандҳои насабсоз низ сабт карда шавад.

Солҳои пешин барои ба суннату анъанаи миллӣ гузаштан, дар ҳуҷҷатҳои асноди таваллуд Зариповро Зарипзода, Ахмедовро Ахмедзода, Норматовро Норматзода, Саймаликовро Саймаликзода сабт мекарданд, ки ин ғалат буду имрӯз дар ҷомеа чунин насабҳои шикаставу ғайримеъёрӣ хеле зиёд ба мушоҳида мерасид. Хушбахтона, акнун тибқи қисми 8-уми моддаи 20-и Қонуни болозикр тарзи навишти насаб, ном ва номи падар дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият мутобиқан бо талаботи “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” ба роҳ монда мешавад. Агар дар насаби интихобшуда қаблан ба ғалат роҳ дода шуда бошад, он бо Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ мувофиқа карда шуда, ба қайд гирифта мешавад ва дар ин ҳолат, Зарипов – Зарифзода, Ахмедов – Аҳмадзода, Норматов – Нормуҳаммадзода ва Саймаликов – Сайидмаликзода навиштаву ҳуҷҷатгузорӣ мешавад.

Ҳамчунин, тартиби навишти насаб, ном ва номи падари намояндагони ақаллиятҳои миллии кишварамон мутобиқи талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ амалӣ карда мешавад, яъне Жумаев нею Ҷумъаев ё Ҷумъазода , Жамила нею Ҷамила ва ғ.).

Ин амалу роҳандозиҳо бевосита худ арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллиамон буда, дар рушду густариш, поку олоиш ва бегазанд нигоҳ доштани забони давлатиамон (тоҷикӣ) нақши муҳим мебозаду мо бо насабу номи миллии бехато муаррифӣ хоҳем шуд.

Зулфониён Раҳим Раҷабзода

сардори шуъбаи номгузорӣ ва танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳот

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *