Арғушти ситорагон бувад дар чаканат

Таърих гувоҳ аст, ки Зан-Модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори арзишҳои миллӣ, аз ҷумла либос, ки ҷузъе аз фарҳанги миллӣ мебошад, будааст. Мутаассифона, вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳангӣ бегона рӯ овардани баъзе аз духтарони тоҷик ба мушоҳида мерасад, ки боиси нигаронӣ аст.

Бехабарӣ аз таърихи гузашта

Имрӯзҳо бархе аз бонувон либосҳое ба бар намуда, худро дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба намоиш мегузоранд, ки ин на танҳо гувоҳи бехабарии онҳо аз таъриху фарҳанги миллати худашон аст, балки бо ин амал ба мафкураи насли наврас таъсири нохуб мерасонанд.

Бояд таъкид намуд, ки барои ҳар миллату давлат ҳифз ва муаррифӣ намудани фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддас мебошад.

Пас, чаро мо ин арзиши миллии худро ҳифз ва муаррифӣ наменамоем?

Эҳтиром нагузоштан ба арзишҳои миллӣ ин таназзули миллат буда, оқибатҳои фоҷиаовар ба бор меорад. Имрӯз дар сомонаҳои иҷтимоӣ баъзе аз блогерон ва ё ба ном сарояндагон чунон либосҳое ба бар менамоянд, ки ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллатро халалдор месозанд. Инчунин, ин гуна либоспӯшӣ ба насли оянда бетаъсир намемонад.

Мавқеи Вазири фарҳанг

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои ислоҳи ин камбудӣ ва гирифтани пеши роҳи чунин амалҳо, ки фарҳанги қадимаи миллати тоҷикро паст мезананд, чӣ тадбир меандешад?

Дар ин масъала Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни нишасти мат­буотӣ 27 январ посух дод. Мавсуф таъкид кард, ки барои ба танзим даровардани фаъолияти блогерон дар бахши қонунгузорӣ тағйирот ворид карда мешавад.

«Дар айни замон барои тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма» ва дигар қонунҳои ба иттилоот алоқаманди Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо идома доранд. Яъне дар ин самт таҳияи қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ барои муайян намудани масъулият ва ҳуқуқи блогерон, тартиби сабти ном ва иҷозатномадиҳӣ ба блогерон ба хотири танзими фаъолияти онҳо, мониторинг ва санҷиши муҳтавои барномаю матнҳо дар расонаҳои интернетӣ, муайян намудани чаҳорчӯби сабти меъёрҳои ахлоқӣ ва касбии блогерон, баланд бардоштани сатҳи дониш ва риояи меъёрҳои забони давлатӣ дар назар дошта шудааст» — афзуд вазир.

Ҳама масъулият доранд

Имрӯз, ки замони техникаю технологияи муосир аст, дар ҳар оила беш аз ду смартфони замонавии ба интернет пайваст мавҷуд аст. Бо тамошои блогерон ё ба ном сарояндагоне, ки бо либосҳои ба фарҳанги мо бегона худро ба намоиш мегузоранд, наврасон аз онҳо чӣ ибрат мегиранд? Ин амал дар оянда, албатта, ба истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллат халал ворид месозад.

Либосҳои тавсиявӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин 9 марти соли 2024 таъкид намуда буданд, ки «бегонапарастӣ дар сарулибос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ бегонашавии фарҳангӣ аст, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад».

Сардори Раёсати муассисаҳои фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Низомӣ иброз намуд, ки Вазорати фарҳанги мамлакат барои гирифтани пеши роҳи бегонапарастӣ ба «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» иловаҳо ворид намуд, ки имсол нашр мешавад. Ин дастурамал аз 16 боб иборат буда, дар он либосҳои тавсиявӣ аз наврасони 7-сола оғоз мешаванд. Дастурамал танҳо хусусияти тавсиявӣ дорад. Дар он пӯшидани либос дар кӯча, рӯзҳои истироҳат ва ҷашну маросим тавсия дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки китоби «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» соли 2018 тасдиқ ва нашр гардида буд.

Тоҷикона мепӯшем!

Тавре намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заррина Холова иброз намуд, «имрӯз ҳифз ва нигоҳдошти либоси миллӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, тарғиби либоси миллӣ ва муосиргардонии он бо ибтикори кумита ҳафт сол мешавад, ки иқдоми тарғиботӣ-ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем» гузаронида мешавад. Яке аз ҳадафҳои дигари баргузор намудани ин иқдом ҷалб намудани тарроҳону чеварон ба муосиргардонии либоси миллӣ мебошад».

Ҳамчунин, дар мамлакат барои тарғиби либоси миллӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ фестивалҳои ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо», «Сад ранги чакан», «Ганҷинаи мерос», «Либоси миллӣ» ва дигар озмунҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд.

Хатари тақлид ба бегонагон

Боиси ифтихор аст, ки яке аз либосҳои миллии тоҷикӣ- чакан аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун зеботарин падидаи одобу фарҳанг эътироф гардид. Чакан моҳи ноябри соли 2018 ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуда, дар арсаи ҷаҳон маъруф гардид.

Дар яке аз сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Сарвари давлат ба занону духтарони ин ноҳия барои арҷ гузоштанашон ба фарҳанги либоспӯшии тоҷикӣ изҳори сипос намуда, таъкид намуданд, ки «бубинед, чӣ қадар либосҳои тоҷикӣ ба занону духтарони мо мезебанд». Сарвари давлат дар ин замина таъкид намуданд, ки «занону духтарони мо бояд аз урфу одатҳои бегона худдорӣ намуда, аз ҷумла, дар либоспӯшӣ ба фарҳанги ғайр пайравӣ накунанд».

Воқеан ҳам, таассуфовар аст, ки солҳои охир бархе аз занону духтарони тоҷик ба либоспӯшии хонумони турку араб тақлид намуда, мисли онҳо либос ба бар мекунанд. Ин ба миллати мо хос набуда, тамоман бегона аст. Иддаи дигар либосҳои нимурён ва танги аврупоӣ мепӯшанд, ки он ба зану духтари тоҷик намезебад.

Ба андешаи ҳамсуҳбатони мо, дар замири ҷавондухтарон ҷой намудани арзишҳои фарҳангӣ ва пос доштани мероси гузаштагон аз оила низ маншаъ мегирад. Бояд модарон ба духтарон чӣ гуна пӯшидани либос ва дар кадом маврид созгор будани онро фаҳмонанд, инчунин онҳоро дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва хештанпарастӣ тарбия намоянд, то аз либоси миллии худ ифтихор дошта бошанд. Зеро тарзи либоспӯшӣ дар фарҳанги хонаводагӣ мақоми муҳим дошта, олами маънавии шахсро нишон медиҳад. Пас биёед, либоси миллиамон – атласу адрас ва куртаҳои зебои чаканро, ки дар он рангорангии зиндагии мардуми тоҷик тасвир ёфтааст, ба бар намуда, бо ин онҳоро дар ҷомеа бештар тарғиб намоем.

Бо ин мисраҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло духтарони тоҷикро ба эҳтироми либоси миллӣ даъват менамоем:

Эй духтари тоҷик ту беҳамтоӣ,

Бо атласу адрасу чакан яктоӣ.

Атлас на, ки ту тирукамон мепӯшӣ,

Гӯё ту ба ҷисм Каҳкашон мепӯшӣ.

Он қадр фурӯғи ҷону тан дорӣ ту,

Фарҳанги сутурги пираҳан дорӣ ту.

Ҳар ранг, ки дар чакан ҳувайдо дорӣ,

Сад сурату нақши арши мино дорӣ.

Ҳар нақши чакан ҳазор маъно дорад,

Суре зи ситораву сурайё дорад.

Арғушти ситорагон бувад дар чаканат,

Сад ҷилваи боғу роғу дашту даманат.

Фирӯза Давлатзода

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *