Какао – дарахти ҳамешасабзи шоколад аз оилаи стеркулиҳо буда, баландиаш то 10-15 метр аст. Ватани ин дарахт қисми тропикии Амрикои Ҷанубӣ ва ҷазираҳои Мексика, соҳили дарёҳои Магдалена ва Амазонка мебошад.
Ҳоло дарахти шоколад дар майдонҳои калони қисми тропикии Африкаи Ғарбӣ- Нигерия, Гана, Шри-Ланка ва Индонезия парвариш мешавад.
Ин дарахт дар соли 3-юм ба мевадиҳӣ оғоз мекунад. Гулҳояш хурд, гулобӣ, аз тана ва навдаҳои ғавс даста-даста мебароянд. Аммо на ҳамаи гулҳо гардолуд мешаванд ва дарахт ҳамагӣ 20-50 дона мева медиҳад.
Як дарахт дар 1 сол аз 1 то 4 кг тухмӣ медиҳад.
Пучоқи тухмҳо алкалоидҳои теобромин (то 2%) ва кофеин (миқдори ночиз), мағзи тухмӣ бошад то 50% равғани чарб дорад.
Равғани какао байни ҳарорати 30-40*С об мешавад аз ҳамин сабаб, бо моддаҳои доруӣ омехта карда мешавад ва ба осонӣ шакли суппозитория (шамъчадору)-ро мегирад. Кислотаҳои лауринӣ, кислотаҳои палмитинӣ (то 25%), кислотаҳои стеаринӣ (то 34%), арахинӣ (миқдори ночиз), олеинӣ (то 43%), линолеӣ (2%) дорад.
Равғани какао барои тайёр намудани шоколад ва дар парфюмерия барои омода намудани марҳам истифода бурда мешавад.
Равғани какао таъсироти зиддибактериявӣ, антиоксидантӣ, регенеративӣ дошта, хатари пайдоиши захми меъдаро коҳиш медиҳад, афзоиши ҳуҷайраҳои саратонро бозмедорад ва хосияти оромкунандагӣ дорад.
Боз ин равғанро барои табобати зуком, атеросклероз (ҷамъшавии холестерин дар девораҳои рагҳо), шамолхӯрӣ ва бар зиддисулфа истифода мебаранд.
Равғани какао гардиши хунро дар найчаи шушҳо беҳтар месозад.
Олимони Олмон дар таркиби какао моддаи пурқимати биологии фаъол – кокохилро кашф кардаанд. Таъсири судманд ва зиддипиршавиро олимон бо мавҷудияти дар таркиби какао ҷой доштани антиоксидантҳои пурқувват шарҳ медиҳанд (мавҷудияти витаминҳои гурӯҳи В асосан В5 кислотаи палмитинӣ). Фаъолшавии синтези кислотаи гиалуронӣ, эластин ва коллаген бо шарофати дар какао будани кислотаи палмитинӣ ҷараён мегирад.
Дар амалияи гинекологӣ тампонҳои олуда бо равғани какаоро барои табобати коҳиши гарданаки бачадон истифода мебаранд.
Фарзона Шарифова
