Мулоқоти саодатбахш

Зан -Модар рамзи оғози зиндагӣ, намунаи зебоиву меҳрубонӣ ва хуррамиву шукуфоии ҳаёти башар, яъне фарзандоне мебошад, ки онҳоро ба дунё овардааст.

Мулоқоти идонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бонувони фаъоли кишвар ба ифтихори Рӯзи модар дар оғози фасли зебои баҳор, эҳёи тамоми мавҷудоти табиат ва арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи хеле олӣ баргузор гардид.

Дар оғози баҳор таҷлил гардидани ҷашни модарон рамзи басо неки ба ҳам омадани ду неруи бузурги зиндагиофар ва ҳастисоз – модар ва табиат мебошад.

Пешвои миллат тамоми бонувони кишварро ба ифтихори ин ҷашни фархунда самимона табрик намуда, баён доштанд, ки “Бо шукуҳу шаҳомат ва бо камоли қадршиносӣ таҷлил намудани ин ҷашни фархунда эътибору эҳтироми хоссаи давлату ҳукумат нисбат ба модарону бонувони азиз аст. Дар урфият мегӯянд, ки зани соҳибмаърифату боиффат гавҳар ва зани ҳунарманду кадбонуи сариштакор ганҷина аст”.

Президенти мамлакат тибқи суханронии хеш иброз намуданд, ки: “Мо нақши бонувони тоҷикро аз оғози фаъолияти сиёсии худ то имрӯз бениҳоят баланд арзёбӣ мекунем, зеро занон аз рӯзҳои аввал сиёсати пешгирифтаи сарвари хешро дар барқарорсозии сулҳ, сарҷамъ намудани мардуми тоҷик, ҳифзи истиқлолу озодӣ ва дигар масъалаҳои давлатдорӣ на фақат самимона дастгирӣ намуданд, балки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлати тозаистиқлоли тоҷикон кӯмак ва саъю талошҳои зиёд намуданд.”

Сарвари давлат саҳми бонувонро дар ҳифзу гиромидошти илму фарҳанг, санъату ҳунар ва оинҳои миллӣ назаррас шуморида таъкид намуданд, ки «…модарону хоҳарони азиз нақши шумо дар эҳёи фарҳангу ҳунар, рушди ҷомеа, бунёди оилаи солим, тарбияи фарзандони солеҳ бузург аст. Мо ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрат, маҳорату кордонии шуморо таҳсин мехонем. Шумо пӯшидани  либосҳои зебову шинами миллии худамонро, ки дар ҳама давру замонҳо зинатбахши Зан- Модари тоҷик буд ва ифодакунандаи ҳайсияту иффати онҳо маҳсуб меёфт тарк накунед.

Ҳамчунин, дар амри пешгирӣ намудани равандҳои номатлуб ва нанговар саҳми арзишманди модаронаи худро гузоред. Мо дар ҳаққи Шумо ғамхори карданро қарзи фарзандӣ, вазифаи ҷонӣ ва рисолати ҷавон­мардии хеш мешуморем».

Занону духтарони муосири тоҷик аз насли бонувони қаҳрамону ватандӯсти ориёӣ мебошанд ва озодиву иззату иффати худро дар шароит ва рӯзгори нав ҳифз кардаанд. Ин бонувони муваффақ дар пешбурдӣ ҳадафҳои давлат, ободии Ватан ва раванди созандагӣ фаъолона ширкат варзида, дар эъмори ҷомеаи демокративу дунявӣ ва озоду пешрафта саҳми арзишманд мегузоранд.

«Фирӯза»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *