Дар доираи тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд имрӯз (29-уми март) мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода бо ҳамтои худ-Вазири фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон — Мамбеталиев Мирбек Кемелович доир гардид.
Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманду фарҳангии ду кишвари дӯсту ҳамсоя -Тоҷикистону Қирғизистон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ин ҳамкориҳо дар оянда беш аз пеш тавсеа меёбанд.
Инчунин, вобаста ба баргузории фестивалу форумҳои фарҳангӣ, чорабиниҳои муштарак ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон мубодилаи афкор сурат гирифт.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон






