ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «КИТОБ ҲАМЧУН РУКНИ АСОСИИ ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС»

Бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Китоб ҳамчун рукни асосии тарбияи насли наврас» бо иштироки олимон, шоирон, композиторон, намояндагони муассисаҳои нашриявии Вазорати фарҳанг, омӯзгорон ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе доир гардид.

Тавре муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафарзода иброз дошт, зербинои ҳар як давлат аз тарбияи насли наврас сарчашма гирифта, дар ин самт, дониш, ҷаҳонбинӣ, ифтихору ғурури миллӣ, дӯстдории Ватан, арҷгузорӣ ба муқаддасоти он ва эҳтиром гузоштан ба шахсиятҳои таърихии миллат аз шохаҳои маърифат дониста мешавад.

Пӯшида нест, ки имрӯз наврасон дар вазъияти мураккаби ҷаҳонишавӣ ва равандҳои пурихтилоф рӯ ба камол расида истодаанд.

Қайд карда шуд, ки инсон дар ҳама давру замон новобаста аз таъғйирёбии муносибатҳо ҳамеша ба тарбия ниёз дошта, хусусан тарбияи маънавии насли наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи бештар мехоҳад, зеро онҳо фардо тақдири ояндаи халқу миллат ва давлатдориро ба даст хоҳанд гирифт.

Дар ин замина, китоб ва адабиёти бачагонаро метавон ҳамчун рукни асосии тарбияи насли наврас арзёбӣ намуд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд «…китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Боиси сарфарозист, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои илмомӯзиву донишандӯзии насли наврасу ҷавон шароиту имконияти заруриро фароҳам овардааст, ки ҳар яке аз онҳо метавонанд дар ин муҳит истеъдоди худро рушд бидиҳанд.

Дар ин зимн, қобили зикри хос аст, ки шуруъ аз соли 2019 таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳандозӣ гардида истодааст.

Бо вуҷуди ин, андешидани тадбирҳо ва иқдомоти назариву амалии ваколатдонои соҳаи фарҳангу маориф, дар самти рушди адабиёти кӯдакону наврасон ба талаботи ҷаҳонӣ муосир бояд иқдоми зиёде дигареро роҳандозӣ намуд — қайд намуд Давлат Сафарзода.

Дар рафти музокираҳо иштирокчиёни ҳамоиш мутобиқ ба талаботи замони муосир ва сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди адабиёти бачагона пешниҳод намуданд, ки таҳия ва таълифи китобҳои бачагонаи бадеӣ, илмӣ-маърифатӣ ва асарҳои нотавӣ бо назардошти ба эътибор гирифтани хусусиятҳои синнусолии кӯдакону наврасон зиёд гардида, дар ин самт ҷиҳати бозгардонӣ ва тавзеҳнамоии асарҳои классикӣ мутобиқи зеҳну фаҳми кӯдакону наврасон, омода намудани осори бадеӣ ва тарбиявии классикони форсу тоҷик бо ороиши рассомони муосири тоҷик, тарҷума ва чопи осори бачагонаи ҷаҳонӣ дар баробари осори бачагонаи миллӣ, инчунин ба воситаи китобҳои бадеии бачагонаи хусусиятҳои миллидошта инъикоси дастовардҳои замони мусоир ва ба ин васила пешгирии таъсири таҷҷоҳуми дигар мафкураҳои зараровар ба шуури наврасону ҷавонон тадбирҳо андешида шаванд.

Дар ин замина, муассисаҳои интишоротии мамлакат бояд бо истифода аз нерӯҳои зеҳниву малакаи таҳлилгарии кишвар дар асоси беҳтарин асарҳои панду ахлоқии гузаштагон ва асарҳои нависандагони муосир адабиётҳои бадеии бачагонаро ба насли наврасу ҷавон расонида, дар тарбияи насли наврасу ҷавони имрӯз саҳм гузоранд.

 

Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки баҳри рушди адабиёти бачагона «Муассисаи давлатии нашриявии «Адабиёти бачагона» таъсис дода шуда, лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия карда шавад.

 

Дар ин зимн, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати зиёд намудани чопи китобҳои бадеӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, баланд бардоштани қобилияти эҷодии онҳо, инчунин тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, садоқат ба Ватан, тарғиби дастовардҳои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ба масъулин дастурҳо дода шуданд.

Таҳияи Хуршед Низомӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *